img
МАСЪЛАҲОИ ТАВСЕАИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Имрӯз 23 ноябри соли 2022 тибқи нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 масъалаҳои рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъала гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ доир ба муҳтавои асосии “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва аҳамияти он барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидои касбӣ бо тафсилоти муфассал шунида шуд.

Илова бар ин, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат доир ба масъалаҳои амалисозии Консепсияи мазкур тавассути таҳия ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Харитаи роҳи вазорат ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба тавсеаи шуғли пурмаҳсул ва роҳҳои таъмини он як қатор таклифу пешниҳод манзур гардид.

26.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ