img
ЗУРИ БОЗУ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТОН ОЯД БА ДАСТ!

 Дар як китоби равоншиносӣ, ки роҷеъ ба ҳаёти табибон, хусусан ҷарроҳони машҳуре, ки аз ин касб дар зиндагӣ ранҷ кашидаанд, як навиштаҷоти бисёр ҷолибе хонда будам, ки мазмунан чунин буд: «Табибе ё ҷарроҳе, ки ҳангоми фаъолияти худ бори аввал бемореро ҳангоми ҷарроҳӣ ё ташхиси нодуруст аз даст медиҳад, то охири умр аз он ранҷи рӯҳиву виҷдонӣ мекашад ва худро барои марги он сарзаниш мекунад. Ҳарчанд тамоми саъю кӯшиши худро дар вақти ҷарроҳӣ ва ё ташхиси дурудароз мекунад, то ки бемор шифо ёбад ва ҷони азизи худро, ки қимматарин чиз барои инсон ба ҳисоб меравад, аз даст надиҳад. Аммо…

Онҳо дар фаъолияти чандинсолаи худ ҳангоми табобат бисёр беморонро аз марг наҷот медиҳанд ё аз даст медиҳанд, аз наздикони онҳо сипосу дуоҳо ва таҳсинҳои зиёд ё баръакси он мешунаванд, вале, ҳеҷгоҳ аз пеши чашмашон беморе, ки бори аввал аз даст додаанд намеравад ва ё суханҳои наздикони онҳо: «Ту модарамро, падарамро, бародарамро, апаамро, хоҳарамро, ҳамсарамро, писарамро, духтарамро, дӯстдухтарамро, дӯстписарамро, дӯсти наздикамро куштӣ» дар гӯшашон бештар вақт садо медиҳанд. Ҳатто дар хобашон садои он беморро мешунаванду онро дар хоб мебинанд. Дигар ин ки ҳар гоҳе наздикони беморро бинанд, худро нороҳату гунаҳкор эҳсос мекунанд. Яъне, то охири умр аз коре, ки намехостанд бишавад, пеши виҷдону номуси худ ранҷ мекашанд ва лаҳзаҳое мешавад, ки аз касби интихобкардаашон пушаймон ҳам мешаванд…».

Аммо шахсе, ки бо найрангу фиреб ва амалу рафторҳои ношоистаи хунин ва экстремистии ӯ, ки ба ҷангу ҷидол ва бедодгариву нооромӣ меораду ҳазорҳо-ҳазор одамон ҷони азизи худро аз даст медиҳанду гӯреза шуда, солҳои дароз азоб мекашанд, виҷдону номуси ботинӣ ӯро ранҷ медода бошад? Аз амали ғайриинсонии худ, ки хисороти зиёди ҷониву моливу маънавӣ ба Ватан меорад, боре ҳам пӯшаймон мешуда бошад? Дар шаби хобаш ҷасадҳои пур аз хун, махсусан занону кўдаконро медида бошад ё пеши чашмаш ашкҳои резондаи модарони солхӯрдаву кӯдакони аз дунё бехабар, ки лаззати зиндагиро начашидаанд, меомада башад? Ӯ аз ин амали бад, ки кори танҳо ҳайвонҳову дарандаҳои ваҳшӣ, ки ба ҳеҷ чиз раҳм надоранд, рўҳан ё ботинан ранҷ медида бошад? Ё ин ки чунон ба нафс дода шудааст, ки пеши назараш ҳамаи ин қадре надорад. Пули ҳароме, ки барои ин амалҳои ғайриинсонӣ аз хоҷагони худ мегиранд, чашмонашонро кур кардааст…

Ман бештар вақт андеша мекунам, ки шахсе, ки нисбати Ватани худ, ки дар онҷо зодаву бузург шудааст, падару модар ва дигар хешовандонаш зиндагӣ мекунанд, дидаву дониста ба чунин корҳои нафратовар даст мезананд, ки дар натиҷаи он наздиконаш ранҷ мекашанд, аз ин амалкардашон ранҷи рӯҳиву равонӣ мекашида бошад? Ё вақти ранҷи ҳамватону хешони наздики худро ба чашми хеш дидан, аз кори кардааш пушаймон мешуда бошад? Охир ба ин амалӣ ифротии худ ҷони наздикону ҳамватанони худро дар хатар мемонад...

Дар ҳақиқат аз дасти чунин ашхоси сангдил, беандеша, бемеҳр,  ҷангҷӯй, иғвоандоз хиёнаткор, зидди оромию амнии давлат ва гумроҳсозандаи сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, ҷинояткор, бесавод, беватан, ифротгаро ва дорои шуури пасти диниву дунявӣ ҳатто шахси аз ахлоқи инсонӣ дур имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шумораи фавти одамон, гӯрезагон бениҳоят зиёд шуда истодааст, ки ҷойи таассуф ва нигаронӣ хеле ва хеле зиёд аст.

Дигар ин ки аз рафтори чунин шахси ба зоҳир инсон солҳои охир дар тамоми гӯшаву канори дунё нооромиҳо, бедодгариҳо, хунрезиҳо, пайдоиши бемориҳои гуногун ва зиёд шудани шумораи ятимону нимятимон, маъюбон, занони бешавҳару мардони безан ва падару модарони танҳои бесоҳиб хеле зиёд шудааст.

Имрӯз аҳли ҷомеаи ҷахонро рафтори чунин шахсони ифротгарову террорист ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ҳодисаҳои нохушеро ба бор меорад, ки барои фазои тинҷу осуда, амнияти миллӣ ва инчунин, давлатдории ҳар мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар пайдо мекунад.

Чунин ашхос андеша намекунанд, ки сулҳу ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва оромӣ дар ҷомеа яке аз неъматҳои арзишманд ва бузург ба ҳисоб меравад, ки он аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дар баробари ин, аз даст додани ҷони зиёди мардони хирад ва ватандӯсту покдилу дурандеш ба даст меояд.  

         Бузургони хирад хуб дарк мекунанд, ки  сулҳу ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва оромӣ аз бузургтарин дастовардҳои давлатҳои соҳибистиклол ба ҳисоб меравад, ки зарурати ҳифзу таҳкими он ҳамеша вуҷуд дошту дорад. Ин мафҳумҳо барои он муқаддас шуморида мешаванд, ки ҳастии давлату ҳукумат ва ҳатто миллат аз онҳо сахт алоқаманд аст. Мисоли равшани он Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо мебошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, миллати мо дар гузаштаи на чандон дур дучори мушкилоти бузурге гардид, ки ҳатто хавфи нестӣ ба он таҳдид мекард. Ҷанги дохилии бародаркуш, ки аз ҷониби як гурӯҳи ҷоҳталабу мансабхоҳ ва ифротгаро бо дастгирии хоҷагонашон асос гузошта шуд, миллатро ба вартаи фано равона сохт. Аммо бо талошҳои беназиру ҷонбозиҳои фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ҷони ҷавони хешро ба хатар гузошта, ба роҳбарии мамлакат тақдири хешро супориданд, давлату миллатро  аз вартаи нобудӣ раҳо сохтанд.

Ҳодисаҳои охир, ки чанде қабл рух доданд, моро ба он водор мекунад, ки мафҳумҳои арзишманд ва муқаддасро ба монандӣ: “сулҳ”, ”ваҳдат”, “тинҷӣ”, “осудагӣ” ва “оромӣ”-ро бештар дар байни сокинон, махсусан наврасону ҷавонон тарғибу ташвиқ намоем. Ба онҳо чӣ гуна ба даст омадани ин неъматҳои ноёбро ба тамоми нозукӣ бифаҳмонем, то дарк кунанду огоҳ бошанд, ки ин вожаҳо ба назар оддиву осон ба даст наомадаанд. Барои ба даст овардандани онҳо ҳазорҳо-ҳазор одамон, ҳамватонони мову шумо ҷони азизи худро аз даст додаанд. То мову шумо наврасону ҷавонони имрӯз дар Ватани худ, дар фазои орому осуда умр ба сар барем. Ин ибораҳо беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Пас биёед ба қадри ин неъматҳои арзишмандтарини инсоният бирасем ва ба нохалафоне, ки намехоҳанд тинҷиву оромиро дар Ватани азизӣ мо бинанд, фурсат ба амалӣ шудани рафторҳои ифротиву ғайриинсониашон надиҳем. Бояд ҳар яки мо ба хубӣ дарк кунем, ки танҳо дар сурати ваҳдату муттаҳидӣ  душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт гом мебардорад.  Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амонӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз чун гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Ба қавли алломаи Шарқзамин Муҳаммад Иқболи лоҳурӣ:

 

Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад...

 

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита дорад, аз мо тақозо менамояд, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи мардони хирад, хусусан Пешвои миллатамон чун ангуштони як мушт бошему ба қадри ваҳдату сулҳу ягонагии кишвари азизамон бирасем ва ин неъматҳои гаронарзишро мисли гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Охир, чаро мо бояд нафареро, ки обу гили ин Ватан ӯро бавоя расонидааст, вале бо вуҷуди ин, сӯи ҳамин миллату ҳамин Ватан санг меандозад, ҳимоя кунем? Чаро мо бояд ба ҳар ҷинояткоре ба назари нек назар андозем? Чаро мақомот ҷазояш надиҳад? Чун хешу табор аст? Чун аз “маҳал”-и мост? Барои ҳамин шояд? Барои чор ҷинояткоре, ки аз хешовандон ё аз ҳаммаҳаллагон медонемашон, бояд ихтилоф миёни тамоми миллат андозем? Кадом миллат? Оқибати ихтилоф чист? Ҷанг, хунрезӣ, оташафканӣ, харобӣ? Хуб! Пас, боре андешидаед, ки ҷанг бо кист, хуни кӣ мерезад, хонаи кӣ оташ мегирад, куҷоро хароб месозед??? Агар надонед, мегӯям, ки ҷанг миёни худамон-тоҷик бо тоҷик, хуни ман, хуни ту ва хуни фарзандони ману ту мерезаду хонаи ману ту оташ мегирад ва Ватани худи мо хароб мегардад!

Пас, биёед, то пеш аз кореро анҷом додан, суолҳое ба мисли дар боло овардаро ба худ бидиҳем. Гузоред то ҳар нафар ба кори худ бошад. Нафаре агар ба ҷиноят даст зад, дар фикри ислоҳаш бошем, на дар фикри як ҷинояти содирмекардаи ояндааш. Такягоҳи ин миллати куҳанбунёду созанда бошем, на кадом як ифротиву хоҷаи берун аз Ватан. Санохони ин миллат бошем, на нафаре, ки бо амалҳои муғризонааш ба хонадони мову шумо оташ меандозад. Ангуштони як мушт бошем, на ҳар дасти ба гуноҳ олуда! Зеро Эзоп – шоири сатҳи ҷаҳонидоштаи булғорӣ нигоштааст: «Шахсоне, ки Ватанро аз барои манфиати кишварҳои бегона тарк мекунанд, дар ғарибӣ ҳурмат намебинанд ва дар меҳан бегонаанд!».                                                                                                                                                  

Ҳасан АЗИЗОВ, сармутахассиси Раёсати котиботи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

06.07.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ