img
Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Имрӯз, 25 августи соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи “Таҳлили ставкаи корӣ ва музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Норак ва ноҳияи Фархор) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат)” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, молия, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа, ҳисоб ва пардохти музди меҳнат, иловапулиҳо ва дигар кафолатҳои меҳнатии кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода қайд намуданд, ки танзими музди меҳнат ва меъёрбандии меҳнат дар ин соҳаҳо хеле муҳим буда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ҷомеа нақши арзанда дорад. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ин соҳаҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ, солимгардонӣ ва сатҳи донишу маърифати ҷомеа бениҳоят заруранд. Аз ин ру, ҷиҳати тақвияти шароити меҳнат ва музди меҳнати кормандони ин соҳаҳо бояд ҳама дастаҷамона корбарӣ намоем.

Дар идомаи ҷаласа муовини Вазир Маҳамадуллозода Н. Р., намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба зарурати ислоҳоти низоми музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, ташкили меъёрбандии меҳнат дар сатҳи вазорату идораҳои соҳавӣ ибрози андеша намуданд. Ҷиҳати таъмини заминаҳои кадрӣ ва методии меъёрбандии меҳнат ва дар назди вазоратҳои соҳавӣ таъсис додани бахшҳои меъёрбандии меҳнат тасмим гирифта шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа қарори дахлдор қабул гардида, супориш дода шуд, ки қарори ҳайати мушовараи вазорат ва маълумотнома барои ислоҳи камбудиҳо ва корбарӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор ирсол карда шавад.

 

25.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ