Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2021, №АП-52 санаи 18.04.2023 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз ҷониби сарпараст Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир майдончаи варзишии замонавӣ ва бинои ёрирасон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар расми кушодашавии иншоотҳои истифодашаванда вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло ва омӯзгорону донишҷӯёни колеҷ ширкат намуданд.
Масоҳати майдончаи варзишӣ бо дарозии -30м ва паҳноии-18 метр сохта шудааст. Гирду атрофи майдончаи варзишӣ бо фарогирии 165 метри муррабаъ сафолакпӯш карда шуда, ҳамзамон 1000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки намуди майдончаи варзиширо боз ҳам зебою дилнишин гардонидааст.
Инчунин, дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили вохӯриҳо барои донишҷӯён бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо иштироки донишҷӯёну кормандон истифодаи самараноки майдончаи варзишӣ дар раванди дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба 20 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимии” “Чароғи ҳидоят”, ки аксаран духтарони ятими кулл, нимятим ва камбизоат мебошанд ва қаблан курси кутоҳмуддати омӯзиширо дар Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз рӯи касби “Барандаи экскурсия” тариқи ройгон хатм намуданд, шаҳодатномаи хатм ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, ба 5 нафар донишҷӯйи маъюбӣ муассиса туҳфаҳои идона ва кумакпулӣ тақдим карда шуд.