11 августи соли ҷорӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо мушовири калони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез Александр Аванесов мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо аснои мулоқот масоили пешгирии ифротгароии хушунатомез ва коркарди харитаи роҳ оиди реинтегратсия ва барқарорёбии бозгаштагонро дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Тақвияти устуворӣ ба ифротгароии хушунатомез дар Осиё” баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазорат ва сохторҳои он ҷиҳати иҷрои Нақшаи амал оид ба Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 чораҳо андешида, роҷеъ ба пешгирии ифротгароии хушунатомез корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар ин самт ба мувофиқа расиданд.