img
Боздиди ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен аз литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Шаҳринав

Имрӯз ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, аз МДТ «Литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Шаҳринав» боздид намуд. Ӯро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҳамроҳӣ карданд.

Меҳмонон аз озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва ошхонаи муассиса, ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» таъмиру азнавсозӣ гардидааст, дидан намуда, бо хонандагон ва омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ мулоқот намуданд.

Дар маҷмуъ, дар доираи амали лоиҳаи мазкур бинои 1-уми таълимии муассиса, ки аз маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, 7 ҳуҷраи кории маъмурӣ, 5 синфхонаи таълимӣ иборат аст, аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои таълимии муосир таъмин карда шуд, ошхонаи муассиса таъмир гардида, бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳхаз карда шуд.

Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони боэътимоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи лоиҳаи болозикр дар 21 муассисаҳои таълимии ҳадафии низоми вазорат корҳои таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ анҷом дода шуд.

Ҳайати муҳандисию омӯзгорӣ ва хонандагони муассиса ҷиҳати кумаку дастгириҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд изҳори миннатдорӣ карданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода барои ҳамкориҳои судманд ба ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен изҳори сипос намуд, ки ӯ низ дар навбати худ аз корҳои анҷомшуда дар доираи лоиҳаи болозикр изҳори қаноатмандӣ кард.

 

09.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ