img
МАСОИЛИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛ ҲАМЧУН ОМИЛИ БАРҲАМДИҲАНДАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

 

 

Нигаронии ҷомеаи муосир аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ба монанди терроризм ва экстремизм солҳои охир башариятро ба ташвиш овардааст. Баҳри ҳушдории шаҳрвандони кишвар пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд дошта, моро пайваста ба шукргузорӣ, ҳушёрии сиёсӣ, пешбарии ақлу хирад, зиндагии софдилонаву бо меҳру шафқат ташвиқу роҳнамоӣ мекунад. Дар воқеъ танҳо дар ин сурат мо метавонем, зиндагии осоишта дошта бошем ва барои насли ояндаи хеш тамаддуну маърифати ҳамзистии созгорро ба мерос монем.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ, воқеияту руйдодҳои замони муосирро бо таҳлилҳои басо дақиқу дурандешона ва хулосаҳои созандаю пурнатиҷа мавриди баҳрабардории мо қарор доданд. Аз ҳақиқате таъкиду ҳушдор намуданд, ки таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Ҳодисаву рӯйдодҳои солҳои охир бори дигар собит сохтанд, ки терроризм ва эктремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи чаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.

 

“Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва эктремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

 

Дар ҳақиқат терроризм ва эктремизм мушкилоти замон ба шумор меравад ва махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра имрӯзҳо мавзуи асосӣ ин пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав мебошад, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеа буда, моро водор месозад, ки ҳар чи бештар дар атрофи бехатарии он гуфтугузорҳо кунем. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст, бинобар ин, мо ҷавонон бояд ҳеч гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест.

 

Воқеан, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёти ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм ҳамқадам аст. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст.

 

Бояд пайваста ёдовар шавем, ки дар якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 179 терроризм, моддаи 1791 ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо, моддаи 1792 маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, моддаи 1793 даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва моддаи 180 иттилооти баръало бардуруғ оид ба кирдори террористӣ қонунгузории муқаррароти мушаххасро амалӣ кардааст. Натиҷаи содир намудани ин гуна меъёрҳо ҷавобгарии вазнини судиро дар пай дорад.

 

Дар ин давраи ҳассос, мо бояд ҳамаҷониба ҳушёру эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшоният зиндагӣ карданро тарғибу ташвиқ созем. Ба таълиму тарбия пурра фаро гирифта шуда, ба бекориву зоеъ рафтани вақт фурсат наёбем. Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гардида, дар оянда зиндагии шоиста дошта бошем. Ҳаргиз ба ваъдаҳои дурӯғи аҷнабиён бовар накунем. Ҳамаи ишораҳое, ки аз номи ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи эктремистону террористон садо медиҳанд ба ҷомеа, бахусус ҷавонон бифаҳмонем ва дуруғи маҳз будани онро исбот карда тавонем.

 

Дар ин росто, ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи  муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони сохторҳои Вазорат ва шаҳрвандони мамлакат дар ҳамоҳангӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо, ки масъули расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, огоҳонӣ ва пешгирии меҳнати маҷбурӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, шомил нашудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна равияҳои номатлуби динӣ, экстремистӣ ва террористӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хатарҳо ва оқибатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд мебошанд, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

 

Қайд кардан зарур аст, ки Вазорат ва сохторҳои низоми он бо мақсади таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, раҳонидани нафарони дар бозори меҳнати осебпазир қарордошта, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар баробари дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 ба тавсиб расидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

 

Барномаи мазкур фарогири тадбирҳои фаъол ва ғайрифаъоли мусоид ба шуғли аҳолӣ буда, равандҳои ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрванони бекор, сафарбаркунии онҳо ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ, расонидани хизматрасониҳои раҳнамоии касбӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои нави кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт, бокортаъминкунии шаҳрвандони дар бозори меҳнат ва пардохти кӯмакпулиҳо барои давраи бекориро дар бар мегирад.

 

Ин ҳама мусоидатҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи он ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри вусъу тавон ва донишу малакаву фаҳмиш бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи терроризму экстремизмро гирифта битавонем.

 

Ҳамин тавр, ҷавонон бояд моҳияти муттаҳидӣ, якдилӣ ва дастаҷамъиро дарк намуда, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд то ин, ки Ватани маҳбуби худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ доранд. Насли наврас ва ҷавон эҳсос намоянд, ки мақсад ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмат ба падару модар, тарғиби некиву накӯкорӣ аст. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар бошем.

 

                                                                                                                                                                                           Баротова Дилафруз Нематуллоевна  

                                                                                                                                                                                        Сармутахассиси Раёсати

                                                                                                                                                                                                             ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо                    

 

25.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ