Имрӯз, 28.04.2023, дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он кормандони вазорат ва сохторҳои тобеи он, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, меъморӣ ва сохтмон, тандурустӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Аз ҷумла, директори МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» Маҳмадбекзода М. ва муовини якуми пажӯҳишгоҳи мазкур Сангинзода Э., сардори шуъбаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳаббатова С., сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода С. вобаста ба танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо масъалаи ҳифзи меҳнат, шароит ва бехатарии меҳнат, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зикр шуда, зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани самти мазкур қайд гардид.
Бояд иброз намуд, ки 28 апрел бо ташабусси Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 инҷониб ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад.
Шароити меҳнат ва муҳити меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур буда, аз се як ҳиссаи умри кормандон дар он мегузарад. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимӣ ба бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Дар фарҷом, иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки барои таъмини ҳифзу шароити меҳнати кормандон ҳамкории мутақобилан судманди вазорату идораҳо зарур буда, корҳо дар ин самт бояд ҷоннок ва тақвият дода шаванд.