Имрӯз, 21 июни соли равон вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло бо роҳбари Намояндагии идораи Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Мулугета Зевди баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҳамкории ҷонибҳо дар татбиқи чорабиниҳои муштарак барои дастгирии иҷтимоии гурезаҳо, аз ҷумла касбомузӣ, бокортаъминсозӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии онҳо баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҳамкории хуб дошта, Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ҳамроҳ шуда, қонунгузории худро ба он мутобиқ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсони гурезаро эътироф ва таъмин менамояд.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур тарафҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ба касбомузӣ ва шуғл фаро гирифтани шахсони гуреза ба мувофиқа расиданд.