img
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲА ХОЛМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА 1 МАЙ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАТКАШОН

Иди 1-уми май – Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро ба кулли шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳнаткашони саросари олам самимона табрик мегӯям. Дар ин рӯзи байналмилалии ҳамдилӣ орзуманди он ҳастам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, ҳамраъйӣ, ки омили асосии осоиштагии ҳаёти иҷтимоии мову шумо ва пешрафту тараққиёти иқтисодии мамлакат мебошад, ҳамеша пур аз шодиву нишот ва барору комёбиҳо бошад.

 

Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, пеш аз ҳама, шароити душвору номуносиби меҳнатиеро, ки мардону занону кӯдакон бо музди ночиз рӯзи кории 12-15 соата ба душ доштанду бо мушкилоти зиёд азият мекашиданд,  ба мо ёдовар мешавад. Ин сана, бо таърихи пурталотуми худ, аниқтар 140 сол пеш, тобиши дастаҷамъӣ пайдо карда, дар ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони зиёда аз 140 давлати дунё мавқеи сиёсӣ касб намудааст ва ба манфиати кору пайкори меҳнаткашон натиҷаҳои пурсамарро ба бор овард. Он талаботҳое, ки меҳнаткашони қитъаи Австралия аз соли 1856 ба миён гузошта буданд, аз қабили ҳуқуқҳои кору фаъолият ва меъёри рӯзу соатҳои корӣ, санаи 1-уми майи соли 1886 дар қитъаи Амрико мавқеъ пайдо кард ва бо мурури замон ба манфиати меҳнаткашон мусоидат намуд.

 

Дар ин давом чораҷӯиҳои якдилонаи байналмилалӣ имконият фароҳам оварданд, ки шароити кории меҳнатӣ рӯз то рӯз муносибтар гардида, соатҳои кории шабонарӯзӣ аз 12-15 соат, то ба 8 соат кам карда шавад. Истироҳату фароғати мардум васеъ гардида машғулият ба тарбияи фарзандон, наздикону ақрабо ва умуман фарогирии ҳаёти оилавӣ ба қадри кофӣ муҳайё гардид. Ба даст овардани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд имконпазир гардид. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ пайдо кард. Дар муносибатҳои меҳнатӣ мамониатҳо аз байн бардошта шуд. Меҳнат ҳамчун фаъолияти инсон, ки барои ба вуҷуд овардани арзишҳои моддӣ, маънавӣ ва дигар неъматҳо равона аст, барои ҳаёт ва қонеъ намудани талаботи инсон ва ҷомеа зарур дониста шуд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки новобаста ба шароити ҷаҳонишавии арзишҳо, таъсисёбии корхонаву ташкилотҳои хурду бузурги сатҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ, гардишҳои беҳаду канори асъорҳо ва раванди бархӯрди идеологияҳои сиёсию қонунгузориҳои кишварҳои гуногун, ки метавонистанд душворию номуносибии бисёри меҳнатиро бавуҷуд биёранд ва ё тағйирот бидиҳанд, хушбахтона дар заминаи истиқболгирии муносибат ба меҳнат дар сатҳи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҳуқуқу озодиҳои онҳо рӯй ба бартариятҳо овард ва бомаром беҳбудиҳоро замина гузошт.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбари сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки онҳо заминаи устувори рушди қонунгузории яке аз соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ - ҳифзи меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро фароҳам оварданд. Дар ин раванд, дар навбати аввал санадҳои меъёрии ҳуқуқии пештар амалкунандаи марбути масъалаҳои ҳифзи меҳнати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуданд. Аз ҳама муҳим соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд, ки ҳамагуна муносибатҳои меҳнатиро дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба танзим даровард.

 

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масъалаи таъсиси ҷойҳои кори нав ва таъмини шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тули даврони истиқлолияти кишвар зиёда аз 4 млн. ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, имконияти бо ҷойи кор таъмин гардидани шаҳрвандон васеъ гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар баробари татбиқи барномаҳои давлатӣ музди миёнаи меҳнат аз 15 сомонӣ дар соли 2000 ба 2708,62 сомонӣ баробар гардида, сатҳи камбизоатӣ дар ин давра аз 80 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақа мебошад.

 

Дар натиҷаи татбиқ намудани беш аз 10 Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҷмӯан 1 млн. 130,4 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ бо ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин гардиданд, ки тибқи қонунгузории кишвар ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоя мегардад.

 

Танҳо дар панҷ соли охир музди меҳнати миёна дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 115 фоиз афзоиш ёфта, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 феврали соли ҷорӣ 3114,56 сомониро ташкил дода,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 458,27 сомонӣ ё 17,3 фоиз зиёд шуд.

 

Аз 1 сентябри соли ҷорӣ ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд

Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 1993 аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат буда, иҷрои меъёрҳои байналмилалии меҳнат ва беҳсозии шароити меҳнат дар кишвар, татбиқи стандартҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат  дар сиёсати меҳнатӣ ва ҳуқуқи коргарон ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, арзиши умумибашарӣ касб кардани масъалаҳои марбути меҳнат, бо таҷлили Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ба ҳамаи кишварҳо ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ имконоту мусоидатҳои муфидро ба бор овард.

 

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон ҳамагон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, Иди байналмилалии якдилии меҳнаткашонро бо хушнудиву шодмонӣ таҷлил менамоянд. Дар ин замина, бо инобати моҳияти ин ҷашни баландарзиши байналмилалӣ ҳамаи коргарон, соҳибкасбу ҳунармандонро бо Иди байналмилалии якдилии меҳнаткашон самимона табрик гуфта, тандурустӣ, саодати рӯзгор, илҳому неруи тозаи корӣ ва дар фаъолияти ҷамъиятию касбӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Иди байналмилалии ҳамдилии меҳнаткашон муборак бошад!

01.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ