Масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Барномаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Ингер Андерсон дар Тошканд баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 14 –уми Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда доир шуд. Зимни мулоқот мусоҳибон оид ба ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намудани 21 март, инчунин дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.
Дар хотима Баҳодур Шерализода хонум Ингер Андерсонро ба Конфронси байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душабе баргузор мегардад, даъват намуд.