Ҳайати гурӯҳи кории муштарак аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ташриф ба шаҳри Кӯлоб аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба ҳузур пазируфта шуда, мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки мардуми тоҷику узбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозад.
Дар шаҳри Кӯлоб меҳмонон оромгоҳи мутафаккири бузург Мир Сайд Алии Ҳамадониро зиёрат карда, аз осорхона дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ дидан намуданд.