Имрӯз дар дунё беш аз 40 ҳазор намуди касбҳо мавҷуданд. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори меҳнат ва пешравии ҷомеа 500 намуди касб аз байн рафта, ҳамзамон зиёда аз он касбҳои наву ҷавобгӯи талаботи давру замон ба миён меоянд. Оё ҷавонони имрӯза касбро аз рӯи хоҳиш ва қобилияти хеш интихоб мекунанд. Ҳоло на танҳо мардон, балки занон низ дар ҷустуҷӯи кор ва дарёфти ризқу рӯзӣ ба кишварҳои дуру наздик рафта, ба корҳои вазнини каммузд машғул мешаванд ва дар он ҷо шароитҳои номусоиди зиндагӣ доранд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии чунин вазъият дар бозори меҳнат ва умуман дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ паст будани сатҳи дониш, соҳиби касбу ихтисос набудани шаҳрвандон, ҳамзамон ба иқтидори пурра фаъолият надоштани корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Аз таҳлилу таҳқиқоти гузаронидашуда бармеояд, ки масъалаҳои ба шуғл ҷалб кардани бекорон, тарбия намудани кадрҳои тахассусӣ дар самти роҳнамои касбӣ ба такмил ниёз доранд. Зеро пешравии илму техника, рушди бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ тарзу усулҳои нави корбарии ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнатро талаб мекунад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи роҳнамоии касбӣ ин роҳнамоии касбии шаҳрвандони бекор дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003, №44 зери мафҳуми шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ё хадамоти дигари шуғли аҳолӣ тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор мавҷуд буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шуруъ намоянд, фаҳмида мешавад.
Вазифаҳои роҳнамоии касбӣ дар мақомоти шуғли аҳолӣ аз огоҳ кардани шахсони манфиатдор дар бораи намудҳои фаъолияти касбӣ иборатанд; фароҳам овардани шароит барои рушди қобилияти касбии назарраси кормандони оянда; муайян кардани дараҷаи мутобиқати сифатҳои психофизиологии онҳое, ки барои маслиҳат гирифтан ба талаботи касбии намуди интихобкардаи фаъолияти меҳнатии худ муроҷиат кардаанд.
Боз як вазифаи муҳими роҳнамоӣ ин мусоидат ба мутобиқшавии қувваҳои корӣ ба тағироти сохторӣ дар бозори меҳнат аст. Имрӯз, иқтисоди диверсификатсияшуда ба коргарони дорои қобилият ва манфиатҳои гуногун имконият медиҳад, ки дар соҳаи меҳнат мавқеи худро ёбанд. Воқеан, ихтисори ҷойҳои корӣ бояд танҳо дар ҳолатҳое фароҳам оварда шавад, ки барои бозомӯзии коргарони ихтисоршуда бо назардошти механизми ҳавасмандгардонии интихоби касб шароит фароҳам оварда шавад, вақте ки барномаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ дар самтҳои афзалиятноки ҷомеа оғоз карда шаванд. То он даме, ки менеҷерҳо машварати касбиро ҳамчун усули танзими таъминоти меҳнат дар ташкилот қабул накунанд, онҳо мушкилоти иқтисодӣ ва психологиро аз сар мегузаронанд.
Барои муайян ва таҳия намудани механизми психологӣ ва ҳавасмандгардонии интихоби касб, механизми идоракунии роҳнамоӣ ба касбро истифода бурдан лозим аст. Ин роҳи ташкили равандҳои ба ҳам алоқаманди ташаккули шахсияти корманд бо сифатҳои рақобатпазир, аз ҷумла таълими касбӣ, машварат, интихоб, иттилоот ва ғ.
Ҳадафи роҳнамоии касбӣ кумак ба ҷавонон ва одамоне, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд, дар интихоби касб, ихтисос, ёфтани ҷои кор ё таҳсил бо назардошти майлу шавқ ва манфиати онҳо мебошад.
Хизматрасонии роҳнамоии касбӣ ба шаҳрвандони бекор, корҷуён аз ҷониби мутахассисони мақомоти шуғли аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд. Барои иҷрои вазифаҳои марбут ба роҳнамоии касбии шаҳрвандони бекор барои интихоби касбу кор дар назди Агентии зерин Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии рохнамоии касбӣ» фаъолият менамояд. Маркази мазкур зиёда аз 60 нафар корманд дошта, кормандони онҳо дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият мебаранд.
Инчунин, ба ин мақсад дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси шартнома мутахассисони марказҳои роҳнамоии касбии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ташкилотҳоро ҷалб карда мешаванд.
Ҳадафи асосии роҳнамоии касбӣ кӯмак расонидан ба шаҳрвандоне мебошад, ки ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд, ва дар кӯтоҳтарин муддат ба онҳо барои дарёфти ҷои кори мувофиқ тибқи талаботи корфармоён, бозори меҳнат ва бо назардошти эҳтиёҷоту манфиатҳои шахсии онҳо, тавассути машваратҳои касбӣ, иттилооти касбӣ ва дастгирии равонӣ кумак карда мешавад.
Роҳнамоии касбӣ барои шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ бо ташкили чорабиниҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- иттилооти касбӣ;
- машварати касбӣ;
- интихоби касбӣ;
- роҳнамоии касбӣ барои таълими касбӣ.
Кормандони мақомоти шуғли аҳолӣ ҳангоми хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ ба шаҳрвандони бекор ва корҷӯ уҳдадоранд корҳои зеринро анҷом диҳанд:
1) пешниҳоди иттилоот ва машварати касбӣ (гурӯҳ) бо мақсади интихоби (тағйир додани) соҳаи фаъолият, намуди таълими касбӣ, бозомӯзӣ ва шуғл;
2) қабули шаҳрвандони озодшуда ба машварати касбии инфиродӣ бо мақсади мусоидат ба интихоби намуди оптималии шуғл, бо назардошти манфиатҳо, талабот ва имкониятҳои инсон, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии бозори меҳнат (дар ҳолати зарурӣ бо истифода аз усулҳои гуногуни ташхис);
3) муайян кардани дараҷаи мувофиқати касбии шахс ба касби мушаххас (ҷои кор, вазифа) мутобиқи талаботи танзим;
4) расонидани кӯмаки равонӣ ба шаҳрвандони озодшуда бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва мутобиқшавӣ ба шароити мавҷуда барои татбиқи роҳнамоии касбӣ тавассути оптимизатсияи ҳолати равонӣ, пурра ҳал ё кам кардани мушкилоти психологие, ки ба худшиносии касбӣ ва иҷтимоии онҳо халал мерасонанд;
5) пешниҳоди маълумот ба мутахассисони таълими касбӣ оид ба натиҷаҳои машваратҳои касбӣ бо шахрванди бекор.
Аз ҷумла, дар 7 моҳи соли 2022 аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» ба 21949 нафар шаҳрвандон хизматҳои гуногуни роҳнамоии касбӣ расонида шудааст.
Агар шаҳрвандони барои омӯхтани ихтисоси нав, такмили ихтисоси хоҳиш дошта бошанд, мақомоти шугли аҳолӣ дар доираи имкониятҳои худ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба онҳо дар марказҳои таълими касбии калонсолон касбомузиро ташкил менамояд. Бо назардошти ин дар 7 моҳи соли 2022 дар марказҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 12967 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд.
Новобаста, аз чораҳои анҷомшаванда дар самти роҳнамоии касбии шаҳрвандони бекор, ҳанӯз ҳам он самараи дилхоҳ надорад. Натиҷа ин аст, ки қисми зиёди шаҳрвандони бекор дар тули ҳаёт барои тағйироти касбу кор мушкилӣ мекашанд ва ин омили муддати тулонӣ бекор мондани онҳо мегардад. Ба назари мо, бояд фаъолият дар ин самт таҷдиди назар карда шуда, низоми роҳнамоии касбии шаҳрвандони бекор дар мақомоти шуғли аҳолӣ такмил дода шавад.
Зарур аст, ки дар мақомоти шуғли аҳолӣ технологияи кори мушовирони касбӣ бо шахсони бекор тағйир дода шуда, он барои иҷрои вазифаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- гузаронидани машварати касбӣ ва машварати равонӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ ва равонӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ба ҳама намудҳои касб ва ихтисосҳои коргарӣ;
- бо ҷалби коршиносони ватанию хориҷӣ таҳияи нақшаю пурсишномаҳои нави машваратӣ мутобиқи меъёрҳои касбӣ;
- гузаронидани машваратҳои касбӣ (инфиродӣ, гурӯҳӣ) ва равонӣ (психологӣ);
- ҷорӣ намудани технология ва усулҳои нави машварати касбӣ ва бо воситаи компютер гузаронидани тест- машваратҳо;
- такмил ва таҳкими системаи роҳнамоии касбии ҷавонон, наврасон ва калонсолон (таҳия ва нашри маводҳои таблиғотӣ);
- тавассути ҷалби мутахассисон ташкили семинару вохӯриҳо таҳияи маводи методӣ доир ба роҳнамоии касбӣ дар интихоби бошууронаи касб ва дагар усулҳои интихоби касбҳои ҷаҳонӣ.