Рухсатӣ ин вақте, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд;
Конститутсияи ҶТ (моддаи 37) барои ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро муқаррар намудааст, ки яке аз намудҳои он рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда танҳо ба кормандоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, кафолат дода мешавад. Рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола бо нигоҳ доштани ҷойи кор баҳри истироҳат ва барқарор намудани қобилияти корӣ пешбанӣ мешавад.
Рухсатии меҳнатии пардохтшаванда муддатест, ки корманд дар давоми он аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод аст. Рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ дода мешавад.
Корманд ҳуқуқ дорад ба истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст ба корманд тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳо диҳад.
Мутобиқи моддаи 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст:
- рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
- рухсатиҳои иҷтимоӣ;
- рухсатии бемузди меҳнат;
- рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;
-дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд:
- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин;
- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
- рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.
Мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур рухсатиҳои иҷтимоӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак;
- рухсатӣ барои таҳсил;
- рухсатии эҷодӣ.
Рухсатиҳо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 91 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад. Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рӯзи тақвимӣ зиёд намояд. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд. Ҳангоми рост омадани рӯзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рӯзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад.
Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 то 56 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шавад.
Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад:
- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;
- ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;
- ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд;
- ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;
- дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.
Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 100 Кодекси меҳнат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели сол 2018, №197 ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Дар соҳаи тандурустӣ дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи кории давомнок ба муҳлати рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3,5,7 ва 10 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.
Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии меҳнатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки муҳлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад. Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рӯзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рӯз ба инобат гирифта намешавад.
Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ, вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара, дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд, дохил мешаванд.
Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:
- вақти бе сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набудани корманд;
-вақти рухсатиҳои барои нигоҳубини кӯдак то ба синни муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани ӯ;
- вақти рухсатиҳои бемузд, ки бо хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рӯзи тақвимӣ дода шудааст.
Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз 11 моҳи корӣ аз ҷониби корфармо дода мешавад. То ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:
- ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъд аз он;
- ба кормандони синни то ҳаждаҳ;
- ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;
- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобати санаторӣ -курортӣ роҳхат доранд;
- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;
- ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд;
- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо (шуъбаҳои шабона ва ғоибона) таълим мегиранд;
- дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайяншуда.
-Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъд аз гузаштани се моҳ дода мешавад.
- Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳиши онҳо рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.
Рухсатии меҳнатӣ барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ ҳар вақти соли корӣ мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнатӣ дода мешавад, агар дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
Ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, рухсатиҳои ҳарсола барои муддати кори воқеӣ дар ҷойи кори охирин дода мешавад.
Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо намояндагони кормандон мувофиқа карда шудаанд ва ё бо мувофиқаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад. Ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ пешниҳод мегардад. Ба корманд бояд 15 рӯз пеш аз саршавии рухсатӣ оид ба вақти пешниҳоди рухсатӣ хабар дода шавад.
Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ӯро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
Рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
Агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар муҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пулӣ ҷуброн накунад.
Рухсатии меҳнатиро бо мувофиқаи корманд ва корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз қисмҳои он набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар бошад. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст. Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.
Дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.Корфармо ҳуқуқ дорад ҳангоми пешниҳоди рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва шартномаи коллективӣ ба корманд иловапулӣ (кумакпулӣ) пардохт намояд.
Рухсатиҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 223 Кодекси мазкур) ва барои нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 224 ва 225 Кодекси мазкур) аз ҳисоби маблағҳои корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбинӣ гардидаанд, пардохт карда мешаванд.
Рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва тавваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд. Ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо хоҳиши корманд рухсатии меҳнатии ҳарсолаи истифоданашуда ба ӯ бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсатӣ дода мешавад.
Дар ин ҳолат санаи аз кор озод шудан рӯзи охирини рухсатӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъд аз рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, агар муҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи меҳнатӣ то ба охир расидани рухсатӣ дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.
Ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корӣ кор карда бошад. Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кори кардашуда пардохт карда мешавад. Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкунӣ пардохт карда мешавад.
Корфармо тибқи машварати пешакӣ бо коллективи меҳнатӣ метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркунӣ ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо мувофиқ рухсатӣ диҳад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ