Дар иртибот ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” чораҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои судманд ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, дар 7 моҳи соли равон 22 курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки 381 нафар шунаванда ҷараён гирифт.
Аз теъдоди умумии хатмкардагони курсҳо 257 нафар ё 67,5 фоиз кормандони муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 60 нафар ё 15,7 фоиз дастгоҳи марказии вазорат ва воҳидҳои сохтории он, 18 нафар ё 4,7 фоизро омӯзгорони фанҳои тахассусии МДТ “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”, 28 нафар ё 7,3 фоизро кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ФМД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, марказҳои таълимӣ ва касбомӯзии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва 18 нафар ё 4,7 дарсадаро кормандони Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил медиҳанд.
Дар раванди баргузории курсҳо роҷеъ ба масъалаи тарбия дар барномаҳои таълимӣ соатҳои дарсӣ (2 соат) ҷудо гардида, ба шунавандагон корҳои фаҳмонидан ва шарҳу тавзеҳи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ карда мешавад.
Дар ин курсҳо аслан гуфта мешавад, қонуни зикргардида барои тарбияи дурусти фарзандон, ки беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мост, омили фароҳам овардани муҳити бовар ва эҳтироми ҳамдигарист.
Мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Мазмуни асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳанд.
Уҳдадории падару модар аз он иборат аст, ки онҳо бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва воситаю шароитеро муҳайё созанд, ки фарзандонашон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул бошанд. Зеро тарбия аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад.
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Махсусан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диқати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон дар оила бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад. Яке аз амалҳое, ки барои инсони баркамол шудани кӯдакон нақши муҳим мебозад, ин бедор намудани завқи китобхонии онҳо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне барои бедор намудани шавқу завқи китобхонӣ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ китобхон бошем ва барои кӯдак намуна буда тавонем. Чунки кӯдак як хислати хуби азхудкунӣ дорад ва ӯ бештар тақлидкорӣ мекунад, яъне ҳар коре, ки мо дар муҳити хона ва ё берун аз он анҷом медиҳем, ба кӯдак таъсири худро мерасонад.
Дар ин ҷода дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатноам»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тусӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғазолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсини»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад собит гаштаанд.
Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар татбиқи қонуни мазкур худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии фарзандро бояд тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд.
Ҳар як падару модарро зарур аст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагӣи Ватани азизамон –Тоҷикистон ҳидоят кунад ва тавонад, ки дар оянда аз фарзанди содиқу номбардори миллати худ ифтихор намояд.
Б.Ш. ДАВЛАТОВ,
методист –мутахассиси
МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони системаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”