img
ПРЕЗИДЕНТ, «РОҒУН» ВА ХАЛҚ – РУҲИ ЯГОНА

    Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият, созандагиву ободкорӣ ва таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар меҳвари фаъолияташон қарор доштанд. Ин буд, ки Пешвои миллат масоили бағоят ҳаётиву мубрам - истиқлолияти энергетикии кишвар ва саноатикунониро аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар эълон намуданд. Пеш аз ҳама, дар мавриди иншооти бузурги аср – НБО «Роғун» таъкид доштанд: «Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад», - ва гоҳе ки дар қадамҳои аввал садҳо монеаву мушкил, мисли тарошаи аз бом афтода, нохост зи ҳар давру бар сар кашид, аз навз рӯ ба халқи азизашон оварда, бо муроҷиат иброз намуданд: «Мо ин иншоотро, ки чун Кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пуштамон аст, дар рӯйи тахтапушт бо нохуну дандонамон месозем!». Ва дар ин самт масъалаи омода намудани мутахассисони касбӣ аз ҳисоби кадрҳои коргарии маҳаллӣ низ дар мадди назари аввал дошта шуд. Дар рушду таҳкими қазия  муассисаҳои таълимии калонсолон, ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд, дар омода намудани кадрҳои коргарӣ  барои НБО-и “Роғун” саҳим гаштанд. Дар мақолаи зер сухан аз ҳамин боб меравад.

Таърихро бузургон офаранд, минҷумла гоҳе ки бори гарони замон ва тақдири миллати дар вартаи ҳалокат бар шонаҳои дилашон нишинад.  Яъне мавқее, ки аз озмоиши сангини фурӯрехта шахсият на ба манофеи худ,  бал ба манофеи миллат суд ҷуяд ва аз сангари нобудӣ мардумонро раҳонад, номвариву пешвоӣ ба номи муборакаш сабт гардад. Воқеан, Тоҷикистон дар бағал кам фарзандони баномус надошт, аммо нури раҳмонӣ дар он солҳои талвосаву раҳгумӣ бо инояти Худованд бар шонаҳои Эмомалӣ Раҳмон нишаст ва садои ӯ садои Тоҷикистони якдона гардид.

       Худи Пешвои миллат бори аввал дар кадом шароит ба мақоми роҳбари давлат интихоб шуданашонро ҳатто лаҳзае ҳам фаромӯш накардаанд. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ифтихори савгандёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.11.2013, шаҳри Душанбе) ороста шуда буд, бори дигар ёд оварданд. Ва аз он, бешак, пиру барнои Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки дар моварои саррафта қарор доштанд, ба хубӣ огоҳанд, ки айёми ба истиқлолият расидан, бо сабабҳои маълум Сарвари тозатаъйин ба сангинтарин ва даҳшатноктарин имтиҳони таърих рӯ ба рӯ омаданд. Он рӯзҳои сангини соҳибистиқлолӣ дар назди Тоҷикистон ва халқи он масъалаи тақдирсози «ё ҳаёт ё мамот!» меистод. Кишвари тозаистиқлол дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даргирифта буд, ки ба ҷуз худ ва фарзанди ҷонфидои худ каси дигаре захмҳои ҷонсӯзашро табобат карда наметавонист.    

       Воқеан, зуҳури тозаи Сарвари давлат аз миёни халқ ба ҳеҷ васила шабеҳ ба афсона набуд, бал ҷилои пурдурахши ҳақиқате буд, ки таърих назирашро асрҳо ёд надошт. Аз қадамҳои нахуст нангу номуси ватандорӣ, гуфтору пиндору кирдорҳои ҷавонмардона Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Пешвои миллат муаррифӣ намуданд ва акнун фарзанди фарзонаву ҳушманд ҳар лаҳзаву соат омода буданд, ки дар роҳи пурхатари Истиқлол ва миллатсозӣ ҷони худро нисор кунанд. Пешвои миллат дар ин роҳи басо мураккаби тақдирсоз маҳз дар он солҳои сахту қаҳт комилан дарк карда буданд, ки танҳо рӯ ба халқ метавонад пирӯзӣ орад ва ҳар гуна дари бастаро во намояд.

Ин буд, ки шахсияти барҷаставу давлатмарди шоиста ба руҳи шикастнопазири халқ такя карда, ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, барои худ ҳамсафону ҳамдилони беназире чун Садоқат, Ҷасорат, Самимият, Ватанпарварӣ, Миллатдӯстӣ, Худогоҳӣ, Хештаншиносӣ, Ғурури созанда, Ифтихори поянда, Эътиқод, Тамкини зебанда, Бовар ба ояндаро дар бару ҳамсангар гирифта, Тоҷикистони маҳбубро ҳаёти дубора бахшиданд ва шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро ба рӯи он во намуданд. Ин маънӣ дар шеъри шоир ҳам самимона баён шуд:

 

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои Миллат,

Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои Миллат.

 

Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат...

 

Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда

Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои Миллат.

 

То чашми даҳр бурдӣ симои дилкашашро,

То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои Миллат…

 

З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун

Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои Миллат…

 

Шуд пеши роҳи Миллат во аз ту сӯи давлат,

Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои Миллат!

 

        Пешвои миллат, ки аз миёни халқ омадаанд, дар роҳи пиёда сохтани тамоми масоили ҳаётӣ ва падидаҳои тозаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо халқ маслиҳату машварат мекунанд. Намунаи барҷастаи ин гуфтаву самара  бунёди НБО-и «Роғун» аст, ки заминаи бунёди он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бо сабабҳои зиёду монеаҳои гуногун анҷоми он тӯл кашид. Пешвои миллат истиқлолияти энергетикии кишварро аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар эълон намуданд. «Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад», - гуфтанд Пешвои миллат ва гоҳе ки дар қадамҳои аввал садҳо монеаву мушкил, мисли тарошаи аз бом уфтода барин, нохост зи ҳар давру бар сар кашид, боз рӯ ба халқи азизашон оварда, бо муроҷиат иброз намуданд: «Мо ин иншоотро, ки чун Кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пуштамон аст, дар рӯйи тахтапушт бо нохуну дандонамон месозем!»

        Ин даъвати Пешвои миллат халқро ба ҷунбиш овард. Пайдост, ки дар ҳар хонаводаи деҳқони тоҷик каланду дос ҳаст, дар хонаи ҳар боғбон белу шохбур, дар хонаи ҳар усто тешаву потешаву арра ва болои мизи адиб – дафтару қаламу роёна. Даъвати самимонаи фарзанди фарзона чун садои азизу пайванд тору пуди мардони бедордилро зеру рӯ сохт ва ҳамон алангаи пурҳарорати номусу ҳамраъйӣ барафрӯхт. Деҳқон каланду досашро сари шонаҳо ниҳод, боғбон белу шохбурашро, усто тешаву потешаву арраашро ва шоир – шеърашро. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Камол Насрулло бо манзумаи «Симои садод» (садод – ростӣ, адолат) рӯ ба халқ ва бо ҷонибдорӣ аз даъвати Пешвои муаззам садо баланд кард:

 

   Биё, созем Роғунро

   Ба рӯи тахтапушти  худ,

   Чу кохи орзуи ҳaфсаду ҳафтод

   пушти худ!

 

   Биё, созем Роғунро

   Зи обу хоки бунёди сиришти  худ,

   Чу мифтоҳе

   Ба нуристони бахту сарнавишти худ!

 

   Биё, созем Роғунро

   Ба рӯи шонаҳои худ,

   Чу кохи шаъну шони худ!…

 

   Биё, созем Роғунро

   Зи хоки эътиқоду эътимоди худ!

   Биё, созем аз обу гили худ,

   аз дили худ

   Чу кохи доди доди худ,

   Чу симои садоди худ!

 

        Бад-ин минвол, «Роғун»-ро метавон арсаи номус ва қаҳрамонии Пешвои миллат ва халқ номид. Чунки алорағми ҳама монеаҳо Президент ва халқ кори онро аз сар гирифтанд. 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд. Акнун дар майдони заҳмати ин сохтмони пурмуъҷиза тоҷику ӯзбек, русу итолиёвӣ ва намояндагони дигар миллатҳо паҳлуи ҳам ба меҳнат пардохтанд. Олами пурэъҷози меҳнату заҳмати халқро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дида, ҷомеаи башарӣ  бо майли тамом ҷонибдори анҷоми ин сохтмон гардид. Сарфи назар аз монеасозиҳои сунъӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ холисона дурусту безарар будани НБО-и «Роғун»-ро собит намуд. Бузургтарин созмони байналмилалӣ – СММ ба ин НБО-и бунёдшаванда назари мусбат ироа дошт.         

        Гоҳе ки 16 ноябри соли 2018 ва Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварамон дар соли 2019, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросимҳои ба кор даровардани чархаи якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд, ваҷду шаафи мардумро ҳадду канор набуд. Он рӯзҳо барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Меҳмонону коршиносони олам бо чашми сар диданд, ки дар ҳақиқат «Роғун» бо даъвати Пешвои миллат ба арсаи воқеии мардонагии тамоми мардуми кишвар табдил ёфтааст ва кадрҳои коргарии маҳаллӣ, ки бештари онҳоро муассисаҳои давлатии филиалҳои «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» омода кардаанд, дар ин ҷо шарафмандона машғули меҳнатанд. Масалан, барои «Роғун» танҳо филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Файзобод дар чор соли охир 129 нафар кафшергари барқӣ омода карда, малакаҳои касбии 88 нафар кафшергари барқӣ, 22 нафар барқкор, 17 нафар харрот, 8 нафар сохтмончи, 8 нафар пармагар ва 2 нафар дуредгарро бо шаҳодатнома тасдиқ намудааст. Ҳамин гуна амалҳои некро дигар филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Сангвору Нуробод низ анҷом додаанд. Ин ҷо метавон ному насабҳои зиёдеро овард, ки пас аз хатми касбҳои коргарии филиалҳои Маркази таълими калонсолони вилояту навоҳии болозикр дар майдони иншооти бузурги аср аз худ фидокорӣ зоҳир намудаанд.

Бо бардошт аз ин, боз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ қоил гашт, ки дар Тоҷикистон барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан арзон захираву манбаъҳо кифояанд. Аз ҷумла, феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут буда, барои дар шакли пурра истифода кардани он татбиқи лоиҳаҳои зиёде муҳиму ногузир аст. Ба истифода додани НБО-и «Роғун» шароит ба миён меорад, ки ин ҳама захираҳову имконоти истифодашаванда пурратар шаванд, ки он танҳо ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Ҷои инкор нест, ки дар оянда Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил меёбад, ки даҳҳо кишвар аз он суд хоҳанд дид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дипломатияи обро торафт рушд бахшида, худ ҳамчун намуна манфиатҳои бевоситаву безарари обро собит менамояд.

         Афзун, Роғун дар тафсили маъно ба рӯшноиву нур иртибот дорад. Устод Айнӣ калимаи роғро рӯшноӣ тафсир мекунанд. Ҳам Норак ва ҳам Роғун бо ҳикмат кадом замоне номҳову мантиқи рӯшноиро ба худ гирифтаанд. Яъне аз замони номаълуме рисолати нурбахшӣ барои миллати тоҷик чун як қарз муқаррар гардидааст. «Норак» зиёда аз чил сол боз нур мебахшад ва инак нуре, ки аз роғҳои кӯҳҳои Роғун ба миён меояд, на танҳо Тоҷикистон, балки як минтақаи ҷаҳонро нурафшонӣ  хоҳад кард.

         Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз хидмат мекунад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои пурнишот иқдоми стратегии саноатикунонии кишварро Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллӣ дар марҳалаи кунунӣ эълон карданд, ки он, пеш аз ҳама, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, коркарди молу маҳсулот дар дохили кишвар, рақобатпазирии он, содирот ва дар ин замина омода намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси мувофиқ ба талаботи бозор мусоидат хоҳад кард.

         Вобаста ба ин рухдоди таърихӣ нуктаи дигареро низ зикр бояд кард, ки коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистонро дар мавриди бунёди НБО “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири давлатмеҳварӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум арзёбӣ кардаанд, ки он комилан саҳеҳу воқеӣ мебошад

        Ҳамин тавр, ҳар як боздиди Пешвои муаззами миллат аз ҷараёни корҳо дар НБО «Роғун» боиси руҳбаландӣ ва авҷи тозаи фаъолияти меҳнатии кормандону мутахассисони иншоот мегардад. Ба ин васила аҳли «Роғун» комилан эътимод мебанданд, ки дар ақибгоҳ пуштибону ҷонибдорони зиёд доранд ва ҳар як дастоварди меҳнатиашон боиси сарфарозиву ифтихори миллионҳо миллион ҳамватанон хоҳад шуд. Бино бар, бо масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ шаборӯз заҳмат мекашанд, то нақшаҳои кориашонро бо сифати баланд иҷро намоянд.

        Дар тӯли солҳои сохтмон Пешвои миллат ҳамеша дар фикру зикри НБО-и «Роғун» буданд ва аз кору пайкор, ҳолу аҳволи аҳли заҳмати он пайваста боздид ба амал меоварданд. Боздиди навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 июли соли равон бо аҳли НБО-и «Роғун» сурат гирифт, аз зумраи ҳамингуна рухдоди мондагор маҳсуб мешавад. Гоҳе ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба маҳалли сохтмони коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб мераванд, ташриф оварданд, масъулин, кормандони муҳандисию техникии иншоот ва кормандон бо руҳи болида аз дастовардҳои кории худ қисса карданд. Ва муҳимаш ин буд, ки Сарвари давлат аз рафти корҳои иншоот аз наздик ошно шуданд.

        Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни кор маълум гардид, ки то имрӯз ҳаҷми умумии бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб баробар гардидааст. Корҳои анкергузорӣ ва сементатсионӣ дар иншооти неругоҳ аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саманд - Сохтмон” тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвали иҷроиш бо сатҳу сифати баланд пеш бурда мешаванд.

        Дар майдончаи васлгарӣ, ки он дар даромадгоҳи иншоот ҷойгир аст, барои васлу насби таҷҳизоти электрикию гидравликӣ шароит муҳайё мебошад. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда дар иншоти мазкур 68 229 метри мукааб ва корҳои нақбканӣ 169 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Иҷрои чунин корҳоро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Соҳили Нур” пеш мебаранд.

        Ҳамин ҳоло озмоишҳои барқӣ ва химиявии трансформатори агрегати №6 аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом расонида шудааст. Айни замон трансформатори агрегатҳои №6 ва №5-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди истифода қарор доранд.

        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мошинҳо аз рафти корҳои нақбканӣ ва бетонгирӣ дар нақбҳои ҷаббандаи рақамҳои 1, 2 ва 3 низ шинос шуданд.

        Корҳои ҳаффорӣ ва бетонхобониро дар нақбҳои ҷаббанда мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Инвентор”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Гидромонтажи Осиёи Марказӣ” аз рӯи лоиҳа идома медиҳанд. Баландии толори мошинҳо 68,7 метр буда, паҳноии он 20,8 ва дарозиаш 219,7 метрро дар бар мегирад. Дар иншооти мазкур корҳои нақбканию бетонхобонӣ бо назардошти лоиҳаи тасдиқгардида шабонарӯзӣ роҳандозӣ мегарданд.

        Бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “Роғун” – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи пурраи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хонданд.

        Кунун дар саросари кишвар, аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе то деҳаҳои дурдасти Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Зарафшон, Рашту Ҳисор ва то домани кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон қадамҳои устувори истиқлолияти энергетикии кишварро ҳамагон бо чашми сар дида, ба неруи созандаву ҷудонопазири Президент ва халқ баҳои мусбат медиҳанд. Зеро бозгӯйи саҳеҳ, баҳори бехазон ва ба ҳам тавъам будани ин ду қувваи тавоно бунёди иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки шоири миллат Бозор Собир барҳақ гуфтааст:

 

          Дигар баҳор фасли боғон нест,

          Фасли Роғон аст,

          Ин баҳори бехазон аст.

Сайдаҳмади ЗАРДОН

23.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ