ТАМДИДИ ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛӢ
|
Мамлакат: |
Ҷумҳурии Тоҷикистон |
|
Номи лоиҳа: |
Лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» |
|
Рақами грант: |
E1600-TJ |
|
Иҷрокунанда: |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
|
Номгӯйи вазифаҳои холӣ: |
Мутахассис оид ба ТИК ва идоракунии хизматрасонии системаҳои иттилоотӣ (ITSM); Мутахассис оид ба идоракунии инфрасохтори ТИ. |
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи лоиҳаи «Навкунонии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» (P178878) грант дарёфт кард. Лоиҳа аз ҳисоби гранти Хазинаи Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва Фонди Трастии бисёр донорҳо (MTF) барои дастгирии маблағгузории зерқисмати 3.2 маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳа аз ҳисоби гранти Фонди Глобалӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин, Фонди Трастии Бисёрдонорӣ (МТФ) ҳаммаблағгузор буда, барои дастгирии молиявии Зерқисмати 3.2. маблағгузорӣ менамояд.
МУТАХАССИС ОИД БА ДАСТГИРИИ ТЕХНИКИИ ТИ «СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ (LMIS);
Мақсади аз хизматрасонии мазкур дастгирии ГТЛ-и назди ВММША ҶТ барои интегратсияи муассир ва кори бефосилаи платформаи рақамии СИБМ буда, хатарҳои марбут ба фаъолияти онро кам намудан мебошад. Инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии корбарон тавассути расонидани дастгирии техникӣ, мониторинг ва нигоҳдории инфрасохтори сервер, инчунин дастгирии равандҳои рақамисозии ВММША ҶТ.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МУТАХАССИС ОИД БА ТИК ВА ИДОРАКУНИИ ХИЗМАТРАСОНИИ СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ (ITSM):
I. Маълумот ва Таҷриба:
Дараҷаи олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ), идоракунии системаҳо, илмҳои компютерӣ ё соҳаи алоқаманд;
На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ТИ;
Таҷрибаи исботшуда дар таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ, қоидаҳо, дастурамалщо (ҳадди ақал 1 сол).
Таҷриба дар ташкили дастгирии техникӣ ё идоракунии хидматрасониҳои ТИК.
II. Таҷрибаи идоракунии ва фаъолият дар Лоиҳаҳо:
Малакаҳои идоракунӣ ва методологӣ: Дарки принсипҳои ITSM/ITIL. Қобилияти таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо.
Малакаҳои техникӣ: Дониши коршиносии системаҳои амалиётии муштарии Windows, MS Office ва ташхиси сахтафзор.
Малакаҳои таълимӣ: Таҷриба дар муаррифӣ, омӯзиш ва таҳияи маводи таълимӣ.
Малакаҳои барномасозӣ: Малакаҳои қавии муошират, тафаккури системавӣ ва равиши фаъолона ба таҳияи равандҳо.
V. Дониши иловагӣ:
Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, дониши забони англисӣ дар сатҳи техникӣ;
Донистани хусусиятҳои кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва инчунин таҷрибаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ (бартарӣ дорад). Маълумоти иловагӣ, аз он ҷумла нишондодҳои техникиро дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 аз суроғаи зерин дастрас кардан мумкин аст.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МУТАХАССИС ОИД БА ИДОРАКУНИИ ИНФРАСОХТОРИ ТИ.
I. Маълумот ва Таҷриба:
Дараҷаи олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ), идоракунии системаҳо, илмҳои компютерӣ ё соҳаи алоқаманд;
Ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи исботшуда ҳамчун мутахассис оид ба идоракунии инфрасохтор ё муҳандиси шабака.
Таҷрибаи идоракунии серверҳо дар сатҳи корхона (HPE, Dell, Lenovo ё монанд) ва системаҳои нигоҳдорӣ.
Таҷрибаи кор дар ташкилотҳое, ки зиёда аз 100 истгоҳи корӣ ва шабакаи васеи филиал доранд.
II. Таҷрибаи идоракунӣ:
Дониши амиқи системаи амалиётии Windows Server (AD, GPO, RDS) ва Linux (CentOS/Ubuntu/RHEL ва ғайра).
Таҷриба бо системаҳои виртуализатсия (VMware, Hyper-V, KVM ва ғайра).
Дониши технологияҳои шабакавӣ (TCP/IP, VLAN, VPN, OSPF, NAT) ва конфигуратсияи таҷҳизотҳо (Cisco, MikroTik, Fortinet ва ғайра).
Малакаҳои таълим ва презентатсия: таҷриба дар омӯзиши техникӣ, навиштани дастурҳо ва шарҳ додани равандҳои мураккаб.
Таҷриба бо системаҳои нусхабардорӣ (Veeam, Acronis ва ғайра).
Малакаҳои навиштани скриптҳо (PowerShell, Bash) бартарӣ мебошанд.
V. Дониши иловагӣ:
Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, дониши забони англисӣ дар сатҳи техникӣ;
Донистани хусусиятҳои кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва инчунин таҷрибаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ (бартарӣ дорад).
Довталабонро зарур аст, ки шахсан бастаро бо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:
Ариза дар бораи иштирок барои ишғоли вазифаи холӣ ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Резюме бо забонҳои русӣ ва англисӣ (бояд дар бораи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ маълумоти пурра дошта бошад);
Тависяномаҳо бо рақамҳои тамоси тавсиядиҳандагон.
Нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ.
Нусхаҳои шаҳодатномаҳо дар бораи таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинарҳо ва тренингҳо;
Нусхаи шиноснома (ҷойи қайд, ИНН);
Ҳуҷҷатҳои зикршударо дар лифофа бо дарҷ намудани вазифа ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод намудан зарур аст: ш. Душанбе, кӯчаи Алишера Навоӣ 5/1, Лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (ошёнаи сеюм) то 31 декабри соли 2025 (16:00 бо вақти Душанбе).
Шахсони тамосгиранда:
Бобохонзода С.Ғ.- директори иҷроияи Лоиҳа.
Почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com,
Мирзоев Ҷ. Н. – сармутахассис оид ба хариди Лоиҳа.
Почтаи электронӣ: jahonbek@gmail.com.