Минтақаи Осиёи Марказӣ баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷуҳи бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда, ба дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар шароити муосир барои расидан ба ҳадафҳои татбиқи сиёсати хориҷии дурусту мутавозин ва муайян намудани афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеӣ зарур мебошад.
Бо назардошти ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, хатари зуҳуроти номатлуб ва боло рафтани аҳамияти минтақаҳои алоҳида додани афзалият ба самти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ – дар қабили кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз заруратҳои аслии ҳифзи амнияти минтақавӣ ва таъмини манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа ба шумор меравад.
Ба ин хотир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи аввалини хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро изҳор намуд, ки дар он асли «мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон» нақши муҳим дошт.
Яъне додани авлавияти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ яке аз заруратҳое буд, ки бо таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон дар замони Шӯравӣ, махсусияти ҷуғрофии минтақа, гузаштаи умумии таърихии халқҳои маскуни Осиёи Марказӣ ва фарҳанги хоссаи мардумони он вобастагӣ дошта, аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Пешвои миллат расман изҳор гардид.
Ин пухтакорӣ сабаби мустаҳкам гаштани ҳамкории минтақавӣ, ҷалби кишварҳо ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ширкати онҳо дар рафти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳади ҷанубии минтақа ва кафолати онҳо аз иҷрои нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гардид. Чунин ҳолат аз ҳамбастагии минтақавӣ, таърихӣ ва манфиатҳои мутақобилаи онҳо бо Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «Дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамагон медонанд, ки амалӣ намудани чунин сиёсат аз ҷасорату намунаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.
Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Имрӯз истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи расмӣ гирифтааст.
Давлати мо дар доираи сиёсати «Дарҳои кушода» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносибати ҳасана бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.
Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуктаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад.
Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Тоҷикистон феълан ҳамкории хориҷӣ ва равобити дӯстонаро бо се кишвари ин минтақа дар асоси шарикии стратегӣ амалӣ менамояд, ки ин раванд ба манфиати мардумони ҳамаи давлатҳо мебошад.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, рафту омади озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст”.
Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи роҳбари давлат бо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.
Чунин сиёсат дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ (Созмони Миллали Муттаҳид), СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), СААД (Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ), ИДМ (Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил), СҲИ (Созмони ҳамкории исломӣ), ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сурат гирифта, ҳадафи рифоҳи умумӣ ва таъмини амнияти минтақавиро пайгирӣ менамоянд.
Минтақа бо дарназардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, иқтидори транзитӣ ва захираҳои табиӣ маркази таваҷҷӯҳи манфиатҳои геополитикӣ ба шумор меравад. Ин низом дар заминаи шиддати рақобати абарқудратҳо, зуҳури хатарҳои муосир, шиддати хатарҳои мавҷуда, хуруҷи пандемияи “COVID-19” ва буҳрони Украина ба вуҷуд омадааст.
Кишварҳои абарқудрат дар баробари истифода аз василаҳои маъмулии таъсиррасон ба усулҳои нарм рӯ оварда, тавассути он манфиатҳои худро дар Осиёи Марказӣ таъмин менамоянд.
Дар ибтидои асри XXI Осиёи Марказӣ яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир гардид. Нақши геополитикии минтақа бо аҳамияти байниқитъавии он барои робитаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиё алоқаманд мебошад.
Таҳлили равандҳои муосири байналмилалӣ аллакай на танҳо муносибати геополитикӣ, балки геоиқтисодиро тақозо менамояд. Имрӯз кишварҳои миллиро мебояд дар қиёс бо замони пешин ҳар чи бештар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба инобат гиранд.
Бо назардошти воқеиятҳои муосир зарурати қабули чораҳои махсус, асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ваҳдати талоши кишварҳои минтақа возеҳ мегардад. Тоҷикистон низ бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои муосир ва муайян намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ чораҳои муайянеро меандешид. Дар ин самт яке аз асноди муҳим Консепсияи сиёсати хориҷӣ мебошад.
Дар оғози асри XXI дар шароити тағйирёбии бунёдии низоми муносибатҳои байналмилалӣ – 24 сентябри соли 2002 аввалин санади муҳими муайянкунандаи сиёсати хориҷии кишвар – Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он мақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд буда, зарурати рушди ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо онҳо дар боби дуюми Консепсияи мазкур таъкид мегардад.
Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳо ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад.
Дар низоми равобити байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамҷавор мақоми олӣ доранд. Тоҷикистон ҷонибдори густариши минбаъдаи таҷрибаи мусбӣ, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи халқҳои Осиёи Марказӣмебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми марҳилаи истиқлолият ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медод.
Ба қавли Пешвои миллат “Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст”.
Ҷанбаи муҳим дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ қатъияти Сарвари давлат дар масъалаи рушду таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Тавре маълум аст, ин кишвар аз солҳои аввали истиқлолият то оғози ҳазораи нав ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт. Зиёда аз он 16 июни соли 2000 байни ҷонибҳо Аҳдномаи абадии дӯстӣ ба имзо расид, ки то ҳол дар сиёсати хориҷии мо назир надорад.
Вале аз соли 2000-ум инҷониб муносибати ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар коста гардида, миёни кишварҳо иҷозати расмӣ ҷорӣ гардид. Гардиши мол то ба дараҷае поён рафт, ки он соли 2015 ба 9 млн. доллари амрикоӣ расид. Дар баробари ин сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ низ хислати тундро касб карда, масъалаи обу энергетика ба яке аз омилҳои низоъомез дар равобити кишварҳо табдил ёфт.
Новобаста аз ин, ҳангоми авҷи ихтилофи кишварҳо зимни таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ мақоми Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор ҳамчун омилҳои муайянкунанда таъкид гардид.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин гуфта буд, ки “Мо ба татбиқи усули “Афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон – Осиёи Марказӣ” оғоз намудем. Дар ниҳоят дар минтақаи мо фазои тамоман нави сиёсӣ бунёд ёфта, алоқаҳои мутақобила мустаҳкам мегарданд, ки ба эътимоди тарафайн ва ҳусни ҳамсоягӣ асос ёфтаанд”.
Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро таъкид менамоянд. Масалан, Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев қайд намуда буд, ки: “Муносибатҳои мутақобилаи зич бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо ниҳоят заруранд, ки ба сарҳадҳои умумӣ, алоқаҳои бавуҷудомадаи хоҷагидорӣ, пурракунӣ ва вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ, умумияти таърихӣ ва қавмӣ-фарҳангӣ вобастаанд”.
Қазоқистон барои рушди ҳамгироии дохилиминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба мақсади коҳиши иқтидори низоъомез, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳалли ихтилофҳои обӣ-энергетикӣ ва ғайра кӯшиш менамояд.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари риоя намудани меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини амният, волоияти ҳуқуқи инсон, демократикунонӣ, маориф, илм, фарҳанг ва тайёр кардани кадрҳо соҳаҳои калидие мебошанд, ки бояд ҳамкориҳои мутақобила дошта бошанд.
Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 қайд кардан ба маврид аст, ки чунин омадааст: “Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.
Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод, самти муҳими сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.
Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.”
Ҳамоҳангии мавқеъ ва амалҳои сарварони кишварҳои минтақа заминаи оғози марҳилаи навро фароҳам оварданд, ки ба умқи ҳамкорӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти мавҷуда ва таъмини амният равона гаштааст.
Дар маҷмуъ, умед дорем, ки ин амалҳои мақсаднок заминаи воқеии рушди ҳамгироии минтақавӣ гашта, инъикосгари манфиати мутақобила, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилиҳои умумӣ, афзоиши мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.
Дилафрӯз Баротова Сармутахассиси
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо