Имрӯз, 19 октябри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Нодирӣ Ш.А. бо мақсади ба роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» -и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Карповец Ф.В.- муовини директори генералии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» - и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, Костюков О.Н. - мушовири директори генералии Хадамоти мазкур ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Қобили зикр аст, ки асоси ҳамкориҳои мазкур дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия муайян гардидааст.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар шаҳри Душанбе, «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» баррасӣ гардиданд.
Дар натиҷаи мулоқот байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки таъсис додани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатномаи оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Россия пеш аз сафар ба Федератсияи Россия мусоидат менамояд.
Инчунин, дар рафти сафар ҳайати КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз Хадамоти муҳоҷират, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафар ба муҳоҷирони меҳнатӣ», Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дидан намуда, бо мақсади амалӣ намудани Ёддошти тафоҳум масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи судмандро баррасӣ намуданд.
Дар маҷмуъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи муколамаи созанда баргузор шуд.