img
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ-2025

     Рӯзҳои 29-30 январи соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат-2025 бо иштироки вазирони меҳнати зиёда аз 40 кишвари дунё, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва инчунин коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ доир гардид. Дар конфронси мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок карда, дар мавзуи «Ҳалли масъалаи инноватсионӣ барои баланд бардоштани шуғли ҷавонон дар бозори меҳнат» суханронӣ намуд.


     Ҳамзамон, дар ҳошияи конфронси мазкур Солеҳа Холмаҳмадзода бо вазири захираҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Аҳмад Ар-Роҷиҳӣ, вазири муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Филиппин Ҳанс Лео Кадкак, раиси ширкати бакортаъминкунии “Арко” дар Арабистони Саудӣ Шайх Фаҳд Аш-Шаммарӣ ва директори Генералии Маркази меҳнати Созмони ҳамкории исломии Азар Байрамов вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Зимни вохӯриҳо доир ба масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки соҳа, аз ҷумла рушди шуғли пурмаҳсул, танзими қувваи корӣ, муносибатҳои меҳнатӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда бо назардошти манфиатҳои миллӣ ибрози омодагӣ намуданд.

01.02.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ