img
ДАР ДУШАНБЕ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР ГАРДИД.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

 

 

Дар ҳамоиш директори Агентӣ ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тамоми зерсохторҳо ва шуъбаҳои вазорату агентӣ иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавзуъ баён намуданд.

 

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи максадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

 

Иштирокчиёни ҳамоиш даъват шуданд, ки мунтазам иҷрои вазифаҳои хизматии худро ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия равона намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳм гузоранд.

 

Дар идома кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва соҳаи тандурустӣ доир ба мавзуъҳои «Истифодаи дурусти маблағҳо ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ», «Таърихи пайдоиш ва ташаккули коррупсия, таъсири манфии он ба рушди соҳаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб дар соҳа», «Вазъи назорати давлатии молиявӣ ва ҷинояткорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», «Чораҳои паст намудани шиддати коррупсия дар муассисаҳои тиббӣ» сухан гуфта, ҷиҳати рушди соҳа, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ зимни хизматрасонии тиббӣ, роҳу усулҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.

 

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд. Мақсади баргузории ҳамоиш амалӣ намудани муқовимати дастҷамъона нисбат ба коррупсия маънидод гардида, изҳори боварӣ шуд, ки он дар роҳи натиҷагирӣ ва амалисозии сиёсати мамлакат дар ин самт мусоидати самаранок менамояд.

 

 

 

 

 Манбаъ: АМИТ «Ховар» София ШОИК,
 

 

26.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ