img
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БО ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Санаи 10 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Crowne Plaza (шаҳри Душанбе) ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, роҳбарияти  як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои татбиқшаванда, намояндагони сатҳи баланди шарикони рушд -  Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон,  Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

 

Мақсад аз баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ин фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имкониятҳо барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад.

 

Чорабинии мазкур раванди ҷалби донорҳо ва шарикони рушдро бо имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул фароҳам оварда, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмуъ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди шуғли пурмаҳсул дар кишварро муҳайё месозад, ки метавонад ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири пурсамар расонад.

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони асосии рушд дар Тоҷикистон, ки дар татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати қувваи корӣ мусоидат менамоянд, изҳори қаноатмандӣ кард.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода қайд кард, ки дар вазорат барномаи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ идома дошта, дар самти касбомӯзии аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ як қатор тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардидаанд.

 

Аз ҷумла, рақамикунонии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин тақвияти касбомӯзии шаҳрвандон барои беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ шароит фароҳам меорад. Ноил шудан ба ин ҳадафҳо бидуни кумаки шарикони рушд ва донорҳо, ҷалби манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ, кумаки техникӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мушкил аст.

 

Дар робита ба ин, дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо бо мақсади нигоҳ доштани муколамаи сиёсӣ, сафарбар намудани захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалии татбиқи дурнамои вазоратро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дарназардошти шуғли ҷавонон ва инноватсия, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда ва коҳиши равандҳои муҳоҷират муайян мекунад.

 

Зимни чорабинӣ аз ҷониби муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф, муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Умед, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Мазориев Хуршед рӯнамоии як қатор лоиҳаҳои дархостӣ дар иртибот ба самтҳои муҳоҷирати аҳолӣ, мусоидат ба шуғли ҷавонону занон, омода намудани кадрҳои баландихтисос тибқи талабот ба бозори меҳнат пешниҳод гардид.

 

Дар идома рӯнамоҳо оид ба дастоварҳои ва нақшаҳои ояндаи лоиҳаҳои татбиқшаванда, аз ҷумла аз ҷониби менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” Сафаров Далер, директори иҷроияи Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” Бобохонзода С. ва намояндаи лоиҳаи GIZ “Малакаҳои сабз барои иқтисоди сабз дар Осиёи Марказӣ” Шамсова Нигина  манзур гардида, намояндагони шарикони рушд аз Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар карда, ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият пешниҳодҳо намуданд.

 

Дар рафти вохӯрӣ пешниҳодҳо, ташаббусҳо манзур гардида, қарорҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда қабул ва дар протоколи ҷаласа сабт шуданд, ки рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро муаррифӣ карда мешавад.

11.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ