Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад.
Дар ин асно, дар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Қурбон 9 июли соли 2022 муқаррар гардидааст.
Мутобиқи қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷкиистон агар рўзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Яъне барои кормандоне, ки ҳафтаи корӣ 5 рӯза мебошад, бо назардошти он, ки рӯзи 9 июл рӯзи ба шанбе рост меояд, се рӯз пай дар пай (шанбе, якшанбе ва душанбе 9-11 июл) рӯзи истироҳат мебошад.
Барои кормандоне, ки ҳафтаи корӣ 6 рӯза, 9 ва 10 июл рӯзи истироҳат буда, рӯзи душанбе 11 июл рӯзи корӣ мебошад.
Инчунин, тибқи қисми 1 моддаи 76 Кодекси болозикр давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) дар арафаи рӯзҳои иди ғайрикорӣ барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кутоҳ карда мешавад.