16 марти соли 2023 дар вазорат бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат шарҳи муҳтавои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатии зиддикорупсионӣ аз ҷониби сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер Қаҳҳор баргузор гардид.
Ба иштирокдорони чорабинӣ шарҳи умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 ва хусусиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои он, тарзу усулҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, механизмҳои амалигардонии он, тарз ва тартиби омодасозии барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ, банақшагирии амалисозии он ва мониторингу баҳодиҳии стратегияи ва барномаҳо фаҳмонида шуд.
Доир ба мафҳумҳои асосӣ, ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия, пешгирии коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ин амали номатлуб маълумоти муфассал дода шуда, иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Вазорат тибқи қонунгузорӣ дар татбиқи стратегия ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ тадбирҳои амалиро пайваста роҳандозӣ менамояд.