img
5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЗАБОНЕ,КИ ТӮЛИ АСРҲО ТАШАККУЛ ЁФТ ВА ҚАВӢ ГАШТ

Маърӯза бахшида ба 15-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Забони ноби тоҷикӣ марҳилаҳои гуногуни инкишофи худро дорад. Дар ин маврид Устод Бобоҷон Ғафуров дар асари пурарзиши худ - “Тоҷикон” чунин нигоштааст:”

Ин забон дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонад.

 

Таърихи он на инки аз давраи истилои араб, балки аз асри 6-уми пеш аз милод шурӯъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд”. (Бобоҷон Ғафуров.” Тоҷикон”. Душанбе-2020.саҳ.428) Ин маълумоти овардаи аллома Бобоҷон Ғафуров далолат аз он дорад, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадим ба шумор меравад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Асоси он лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбии Форс ба ҳисоб меравад, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн мешавад. Дар асарҳои олимони асрҳои 8-10-ум забони тоҷикӣ ба Хуросон, аз ҷумла ба Балх мансуб дониста шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин давра, яъне пеш аз истилои араб муҳимтарин хусусиятҳои ин забон ташаккул ёфта бошад.

 

Авҷи шукуфоии забони тоҷикӣ давраи аҳди давлатдории Сомониён шинохта шудааст. Исмоили Сомонӣ баъди шикаст додани бародараш Наср соли 892 ба тахт нишаст ва мулки хосаи ӯ-Бухоро пойтахти давлати Сомониён муқаррар гардид. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ-“Тоҷикон” овардааст, ки давраи ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон дар дасти Сомониён будан, ташаккули халқи тоҷик анҷом меёбад.

 

Дар асри 10-11-ум забони форсӣ ,яъне тоҷикӣ ба чанд лаҳҷа Самарқанд, Ҳирот, Нишопур, Марв, Балх ва ғайра тақсим мешуд. (Ҳамон асар, саҳ. 419) Тавре мебинем, бо тадриҷ мардуми Осиёи Марказӣ ва Хуросон бо сабабҳои маълум аз маркази ибтидо гирифтани забони тоҷикӣ – ғарби Эрон дур шудан мегирад ва мустақиман мавриди истифода қарор мегирад. Маълум,ки дар ин маврид талаффуз,шеваи гуфтугӯ нишонаҳои хоси худро пайдо мекунанд. Бахусус, давоми асрҳои 9 -10-ум дар шаҳрҳои сераҳолии Самарқанд, Бухоро, Фарғона аҳолии ин минтақаҳо бештар бо забони тоҷикӣ гап мезаданд.

 

Бо ин сабаб доираи забонҳои бохтарӣ, суғдӣ ва ғайра танг шуда, давоми асри 10-ум ҷойи онҳодро пурра забони тоҷикӣ иваз мекунад.Чунончӣ , забни суғдӣ аз забонҳои қадим буда, дар маркази давлати Суғд-Самарқанд, Бухоро ва ғ. он воситаи асосии муоширати мардуми маҳал буд. ”...дар саргаҳи Зарафшон ва алалхусус дар ноҳияи шохобҳои саргаҳи он лаҳҷаҳои забони суғдӣ дар тамоми асрҳои миёна вуҷуд доштанд ва яке аз онҳо бошад, дар водии Яғноб (шохаи чапи Зарафшон)дар рӯзҳои мо ҳам вуҷуд дорад.”(“Тоҷикон”-саҳ.419).Ҳоло чанде аз деҳаҳои ноҳияи Айнӣ номи суғдӣ доранд:Мадм,Қум,Эскотар-Искодар,Пахут-Похут,Варз( баланд)-Варзи манор,Мартушкат-Мастчоҳ.

 

Дар асрҳои 9-10-ум дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти этникие ташаккул ёфт,ки он ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён бахусус Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ дар миёнаи асрҳои 10-11-ум соҳиби ном-тоҷик –шуд. Дар инхусус бисёр сарчашмаҳои таърихӣ маълумот додаанд.Чунончи,”Ба қавли муаррих Байҳақӣ (1043-44) яке аз муқаррабони султон гуфтааст:”Мо , ки тоҷик ҳастем.”Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муборизаи назди Дандонакон(1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд, танҳо сарбозони тоҷик бо ҷасорат ҷангиданд. Дар нимаи асри 9-ум дар асари “ Кутадгу булуғ”, ки бо забони уйғурӣ чоп шудааст, калимаи тоҷик ёдоварӣ мешавад. Бо овардани ин ва дигар далелҳои боэътимод, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ оварда шудаанд:

 

“Дар нимаи асри 11-ум истилоҳи тоҷик номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт”(“Тоҷикон”-саҳ.420).Тавре дида шуд,барои ташкил ёфтан ва минбаъд мавриди истифодаи як халқу миллат қарор ёфтани забон протсесси тӯлонии таърихиро бояд аз сар гузаронад. Ҳамин тавр, барои ташаккул ёфтан ва эътирофу шинохта шудани забони тоҷикӣ на камтар аз 400 сол лозим омад. Бунёдгузори давлати Сомониён-Исмоили Сомонӣ на танҳо девори Бухоро, балки девори забони модарии мо низ дониста мешуд. Дар аҳди Сомонӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шуда,девондории давлат бо ин забон сурат мегирифт. Доираи адабии қавие дар маркази давлат-Бухоро таъсис ёфт,адибони номдор чун Рӯдакӣ,Фирдавсӣ,олимоне мисли Берунӣ, Сино ва ғайра дар ин муҳит фаъолият доштанд.

Сиёсати забонгустарии Исмоили Сомонӣ ва амирони дигари ин сулола чунон қавӣ буд,ки амирони баъдии ғайримаҳаллӣ ва забони ғайр- Салҷуқиён, Ғазнавиён, Темуриён ҳомии забони тоҷикӣ буданд. Дар давраи ҳукмронии онҳо забони тоҷикӣ дар дарбори шоҳон истифода мешуд ва доираи зиёди олимону адибон,муаррихон бо забони тоҷикӣ асарҳои оламшумул эҷод кардаанд. Дӯстии ду адиби шӯҳрати ҷаҳонидошта-Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи беҳтарин дар робитаи ду халқ-тоҷику ӯзбек ва робитаи аҳли эҷод ба шумор меравад. Туфайли ин дӯстӣ намунаи эҷод бо ду забон-ширу шакар дар адабиёти ду халқи боҳам дӯсту бародар-тоҷику ӯзбек мавқеи хоса дорад ва имрӯз ҳам адибон дар эҷоди худ аз он истифода мебаранд.Яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ, файласуф ва иқтисоддони немис Фридрих Энгелс ба ин робитаи дӯстӣ ва эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ баҳои баланд додааст.

(Ин дар “Тоҷикон”зикр шудааст).

Асарҳои дар аҳди Сомониён ва минбаъд бо забони тоҷикӣ эҷод намудаи адибону олимони асрҳои оянда ҳатто имрӯз ҳам дар кишварҳои Шарқу Ғарб ҳамчун манбаи таҳқиқу омӯзиш қарор доранд. Мудири кафедраи эроншиносии донишгоҳи ба номи Ҳумболди Олмон Манфред Лоренс дар ин хусус навиштааст: ”Ҳангоми донишҷӯиям аввалин китоби насри форсӣ “Сафарнома”-и Носири Хусравро мутолиа намудам.

 

Носири Хусрав намояндаи аслии забони дарии Осиёи Марказӣ будааст. Ин ишора мешавад бар он ки инҷо маркази забони софи тоҷикӣ ҳисоб меёбад ва Носири Хусрав донандаи хуби он буд. ”Шарқшиноси олмонӣ Манфред Лоренс инчунин ёдовар шудааст,ки “Сафарнома” ва дигар асарҳои илмию бадеии бо забони тоҷикӣ таълиф шудаанд, барои донишҷӯён ҳамчун адабиёти таълимӣ истифода мешаванд. Дар асрҳои минбаъда низ, бо вуҷуди он ки халқи тоҷик аз ҳамлаю ғорати аҷнабиён ва қабилаҳои бодиянишин зарари зиёд ва аз кишвари худ фирор намуда буданд, асолати миллӣ, забон ва анъанаҳои миллиро ҳифз намуда тавонистанд. Чунончи шаҳри Марв ( ҳоло Мари дар Туркманистон воқеъ вст) аслан тоҷикнишин буда, дар аҳди Саффориён ва Сомониён обод буда,бо ҳунармандӣ машҳур мегардад. Баъдан ин шаҳр аз дасти қабилаи ғузҳои бодиянишин ва соли 1875 туркманҳо хароб ва тасарруф мешавад.

 

Мардуми ин шаҳр ба Эрону Афғонистон фирор мекунанд. Бо дастгирии амири Бухоро Шоҳмурод 70 ҳазор сокини шаҳри Марв аз чанголи туркманҳо раҳо ёфта,дар гирду атрофи шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ҷойгир кунонда мешаванд. Онҳо дар ин ҷо касбу ҳунарҳои худро идома медиҳанд. Бахусус дар тайёр намудани ширинӣ, ҳалво, анвои гуногуни нон ҳунари волои худро нишон медоданд. Ҳоло нону кулчаҳои хушсурат, хушбӯю болаззати Самарқанд маълуму машхур ва талабгори зиёде доранд. Ин маҳсули дастони ҳамон тоҷиконе мебошанд,ки аз шаҳри Марв аз чанголи туркманҳо озод карда ,оварда буданд.

 

Бояд гуфт, дар аҳди амирони Бухоро,ки сулолаи манғитиён буданд,коргузорӣ бо забони тоҷикӣ амалӣ мегашт. Тавре аз ин мисолҳо маълум мегардад,забони тоҷикӣ таърихи қадимӣ дошта,доираи истифодаи он низ хеле васеъ будааст.(Доираҳои адабии Фарғона,ҳинд ва ғайра) Дар давраи шӯравӣ нисбати забонҳои миллӣ ба таври умумӣ баъзе маҳдудиятҳо ба назар мерасид,ки ин мавзӯи алоҳида аст. Давоми солҳои 80-уми асри гузашта аҳли зиё кӯшиш намуданд,ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ниҳоят дар сессияи Совети Олии РСС Тоҷикистон баъди баҳсҳои хеле тӯлонӣ 22 июли соли 1989 Қонуни забони Тоҷикистон қабул ва ба он мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо бо сабабҳои хеле зиёд ин қонун мавриди амал қарор нагирифт ва дар рушду ҳимояи он натавонист таъсиргузор бошад.

 

Танҳо баъди қабули эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забони тоҷикӣ заминаи мусоид муҳайё гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан,тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда,бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд. Агар дар асри даҳум Исмоили Сомониро девори Бухоро ва забони тоҷикӣ шуморанд, пас имрӯз бо камоли боварӣ ва эътимод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомӣ ва кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва забони тоҷикӣ медонанд. Суханони ноби шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон, СММ, дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд.

 

Қонуни забон, ки қаблан қабул гашта буд,вобаста ба пешравиҳои назаррас дар бунёди давлати миллӣ ,зарурати таҷдиди назар кардани он пеш омад. Таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Дар моддаи 3 қонуни мазкур омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст,ки забони давлатиро донад. Ҳамзамон дар моддаи 4 пешбинӣ шудааст,ҳамаи миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеша ва мулоҳизаҳои худро нисбат ба забони тоҷикӣ дар аксар асар, мақолаву суханрониҳо баён доштанд.Дар китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” Пешвои миллат таъкид бар он доранд,ки яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (27 сентябри соли 2022) зикр доштанд, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта,имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин раванд,давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия,тасвиб ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардид. Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаҳои барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.

 

 

Аъзам Мӯсоев,

Корманди шоистаи Тоҷикистон,

ходими илмии шуъбаи ҳифзи меҳнати

Муассисаи давлатии ”

Пажӯҳишгоҳи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”.

02.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ