Рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо, инчунин намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарӣ Ҳ.Т. ва Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург Ҷонмаҳмадов Ф.Ф. аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар майдони сохтмони биноҳои баландошёнаи ширкати “Setl Group”, воқеъ дар суроғаи “Проспект Ветеранов 181” дидан намуда, бо шароити истиқомати муҳоҷирони меҳнатӣ дар хобгоҳи ширкати «Прайдекс», воқеъ дар суроғаи 9-я Советская мебошад, дидан намуданд.
Бо муҳоҷирон суҳбати самимӣ доир шуда, ба онҳо зарурати риояи қатъии қонунгузории кишвари иқомат, эҳтиром нисбат ба фарҳанг ва канораҷӯӣ аз ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро фаҳмонида шуданд.
Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба шароити корӣ, мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо баррасӣ гардида, ба саволҳои ҳозирин посухҳои пурра ва қаноаткунанда дода шуданд.
Дар ин росто, ба муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор тавсияҳо бобати беҳтар гардонидани шароити будубош дар Федератсияи Россия ва риояи қоидаҳои будубош дода шуданд.
Ҳамчунин, вохӯрии аъзоёни гурӯҳи кории мазкур бо донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари ташкилоти ҷавонони донишҷӯйи Тоҷикистон Ҷумаев Азизбек Додарбекович ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри номбурда ширкат варзиданд.
Гурӯҳи корӣ бо вазъи феълии донишҷӯён ва мушкилоти онҳо шинос гардиданд. Дар рафти суҳбат нақши ҷавонон, ҳамчун нерӯи созанда дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида, аз ҳозирин ҷиҳати таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир барои хизмат ба халқу Ватан даъват ба амал оварда шуд.
Дар идомаи рӯз, гурӯҳи кории мазкур бо роҳбарон ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Фарҳод Худобердиевич, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии «Сомониён», «Аҷам», «Помир», «МОСТ» ва «Занони ҷаҳон», инчунин як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳисоби ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқоти самимӣ дархосту пешниҳодҳои роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити корӣ ва будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин роҳҳои таблиғи фарҳанги халқи тоҷик берун аз кишвар шунида шуда, нақшаи фаъолияти муштарак коркард гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзоёни фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Санкт-Петербург бо ифтихорномаҳо аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ барои саҳмгузорӣ ва хизмати самимӣ ба халқу Ватан дар шароити тантанавӣ супорида шуданд.