img
ДАР ЗЕҲНИ ҶАВОНОН АҚИДАИ СОЛИМ ПАРВАРЕМ

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мубориза бурда мешавад. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90‐ум марбут дода мешавад.

 

Имрӯз дар ҷаҳон вазъияте ба амал омадааст, ки зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм хавфу хатари ҷиддӣ ба амнияти башарият гаштааст. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ин гуна зуҳуроти номатлуб мебошад.

 

Дар мамлакати мо баҳри пешгирии зуҳуроти ифротӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба мардум фаҳмонида додани ҳадафҳои нопоки душманони хиёнаткори миллат пайваста чораҳои зарури андешида мешавад.

 

 Мутаассифона, имрўз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаи кишвари моро халалдор намоянд. Ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин шахсон дар гузашта ҷинояткор будаанду ободиву осоиштагиро намехостанд.

 

Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши Истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, қадр карда наметавонанд.

 

Давоми асрҳои тўлонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ медорад. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо баҳри талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат менамояд. 

 

Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки мардуми тоҷик дар муборизаҳо ботаҳаммулона истодагарӣ кард ва роҳи минбаъдаи худро муайян намуд.

 

Роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. Саркардагон ва пайравони гуруҳҳои ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мақсадашон ноором кардани ваҳдату ягонагии кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.

 

Муқаддас доштани Истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизамон мебошад, ки ҳар як фарди ватандӯстро мебояд ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурўҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш ҳифз намояд.

 

 

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

 

 

28.09.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ