 
    НОМГӮИ саволҳо ҷиҳати истифода ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумҳуриии Тоҷикистон
| 
 | 1.Саволҳо оид ба Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон | 
| 1. | Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани тағийру иловаҳо, таркиби Конститутсия). | 
| 2. | Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия). | 
| 3. | Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд. | 
| 4. | Мафҳуми «давлати дунявӣ» шарҳ дода шавад. | 
| 5. | Мафҳуми «давлати ягона» шарҳ дода шавад. | 
| 6. 
 | Мафҳуми “давлати иҷтимоӣ”-ро тибқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед. | 
| 7. | Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 
| 8. | Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд (моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумот дар бораи тасдиқи рамзҳои давлатӣ). | 
| 9. | Маълумоти умумӣ дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 10. | Маълумоти умумӣ дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 11. | Маълумоти умумӣ дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 12. | Кӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доро мебошад? | 
| 13. | Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад. | 
| 14. | Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад. | 
| 15. | Дар бораи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад. | 
| 16. | Дар моддаи чанди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ сухан меравад. | 
| 17. | Ҳуқуқ ба муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад. | 
| 18. | Маълумоти умумӣ дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 19. | Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя шарҳ дода шаванд. | 
| 20. | Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд (моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). | 
| 21. | Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси миллӣ маълумот пешниҳод карда шавад. | 
| 22. | Дар бораи тартиби ташаккул ва салоҳияти Маҷлиси намояндагон маълумот пешниҳод карда шавад. | 
| 23. | Маълумоти умумӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 24. | Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии пешниҳоди (ироаи) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 
| 25. | Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
2. Саволҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тоҷикистон
| 1. | Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» шарҳ дода шавад. | 
| 2. | Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шавад. | 
| 3. | Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад. | 
| 4. 
 | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» | 
| 5. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2009, №553, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” | 
| 6. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». | 
| 7. | Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ номбар карда шаванд. | 
| 8. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ». | 
| 9. | Намудҳо ва шаклҳои муроҷиат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ». | 
| 10. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». | 
| 11. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия». | 
| 12. | Маълумоти мухтасар оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030. | 
| 13. | Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №55 «Дар бораи иттилоот» (кадом муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим карда мешаванд). | 
| 14. | Оид ба пешбурди коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда шавад (санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва шарҳи мухтасари онҳо). | 
| 15. | Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд. | 
| 16. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011, №702 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ». | 
| 17. | Маълумоти умумӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад. | 
| 18. | Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1414 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад. | 
| 19. | Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд. | 
| 20. | Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд. | 
| 21. | Маълумоти мухтасар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ». | 
| 22. | Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолї | 
| 23. | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003, №44. | 
| 24. | Дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12). | 
| 25. | Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маълумот дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5). | 
| 
 | 3. Саволҳои соҳавї | 
| 1. | 
 | 
| 2. | 
 | 
| 3. | 
 | 
| 4. | 
 | 
| 5. | Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд? | 
| 6. 
 | Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дорад? | 
| 7. | Принсипҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ кадомҳоянд? | 
| 8. | Репатриатсия ва реинтегратсия чист? | 
| 9. | Меъёрҳои меҳнат чист? | 
| 10. | Ҳоло музди меҳнати ҳадди ақал чанд сомониро ташкил намуда ва аз ҷониби ки муайян карда мешавад? | 
| 11. 
 | Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро номбар кунед? | 
| 12. 
 | Кадом намудҳои рухсатиҳои меҳнатиро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст? Ҳадди камтарини рухсатии меҳнатӣ чанд рӯз аст. | 
| 13 | Сохтори сабади истеъмолиро номбар кунед? | 
| 14. | Сатҳи зиндагӣ чист? | 
| 15. | Давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ ба ки муқаррар карда мешавад ва музди меҳнати онҳо кам карда мешавад ва ё не? | 
| 16. | Ҳангоми таҳлили вазъи бозори меҳнат кадом нишондиҳандаҳо истифода мешаванд? | 
| 17. | Мафҳуми ҳифзи меҳнатро шарҳ диҳед? | 
| 18. | Уҳдадории корфармо дар самти ҳифзи меҳнат. | 
| 19. | Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат. | 
| 20. | Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон тибқи кадом санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд? | 
| 21. | Коллективи меҳнатӣ чист? | 
| 22. | Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро шарҳ диҳед. | 
| 23. | Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва тартиби ҳисобу пардохти он шарҳ дода шавад. | 
| 24. | Мафҳуми шуғл ва бозори меҳнат чист? | 
| 25. | Вазорати меҳнат, муҳољират ва шуғли аҳолии Љумҳурии Тољикистон аъзои кадом шурои Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад? | 
| 
 | 4. Саволҳои дигари умумӣ | 
| 1. | Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир кадом озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда мешаванд? | 
| 2. | Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 шарҳ дода шаванд. | 
| 3. | Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад? | 
| 4. 
 | Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бо кадом мақсадҳо баргузор мегардад? | 
| 5. | Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумї» маълумот пешниҳод карда шавад. | 
| 6. | Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599). | 
| 7. | Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005). | 
| 8. | Дар бораи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332) маълумот дода шавад. | 
| 9. | Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642). | 
| 10. | Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кадом мақсад ноил шудан равона гардидааст? | 
| 11. | Иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати электронӣ ба ҳалли кадом вазифаҳо кӯмак менамояд? | 
| 12. | Кадом омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳукумати электрониро медонед? | 
| 13. | Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167). | 
| 14. | Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166). | 
| 15. | Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 -2030 маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204). | 
| 16. | Дар бораи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва марҳилаҳои татбиқи он маълумот диҳед (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636). | 
| 17. 
 
 | Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» марҳилаи аввал (солҳои 2023-2025) маълумот пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482). | 
| 18. | Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шаванд. | 
| 19. | Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро шарҳ диҳед. | 
| 20. | Дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумот пешниҳод карда шавад. | 
| 21. 
 | Дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шавад. | 
| 22. | Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 23. | Маълумоти умумї дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. | 
| 24. | Дар бораи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад. | 
| 25. | Маълумоти умумї дар бораи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. |