Имрӯз, 14 сентябри соли равон дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз таъсиси Шурои мазкур ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тариқи маҷозӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Амрико, Фаронса, Британияи Кабир, Қатар иштирок доштанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Шӯро – Ширин Амонзода чорабинии болозикрро ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд.
Айни замон, 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 7 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 3 ташкилот дар Ҷумҳурии Туркия, 1 Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, 7 ҷамъияти фарҳангӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, 20 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи муовини раиси Шӯро – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар оид татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва гузориши намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзи шунида шуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кори ҷаласаи имрӯза бо тариқи маҷозӣ диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Британияи Кабир, Амрико, давлати Қатар иштирок ва баромад намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба тақвияти ҳамоҳангсозии протоколи дахлдор қабул гардид.