22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини намояндаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Зайнаб Ал-Азавӣ ва муовини раиси шаҳри Панҷакент Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Дар маркази мазкур барои ҷалби ҷавонон ҷиҳати омӯзиши малакаҳои рақамӣ, малакаҳои асри ХХI, забономӯзӣ ва тайёрӣ ба шуғл тавассути барномаҳои муосир ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки синфхонаи шуғли фосилавӣ, ки дар як баст 20 нафарро ба омӯзиш фаро мегирад, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шароити фароҳамшуда имкон медиҳад, ки дар як сол то 400 нафар аз омӯзиш гузашта, ба шуғли фосилавӣ таъмин гарданд.
Вазорат ҷиҳати сифатнок омода намудани мутахассисон барои шуғли фасилавӣ тавассути ҷалби омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба мувофиқа расидааст.