img
Густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд

Имрӯз, 9 марти соли равон дар МД «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон устохонаи таълимӣ - истеҳсолӣ аз рӯйи ихтисоси “Пойафзолдӯз” баъд аз таъмири пурраи асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо маводҳои зарурӣ бо таҷҳизоти техникии муосир ба истифода дода шуд.
Сипас, дар доираи ҳамкориҳои судманди муассиса бо ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ,  вобаста ба таъмир ва муҷаҳҳазгардонии устохонаи пойафзолдӯзӣ бо маводҳои зарурӣ  Шаҳноза Нодирӣ – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳоҷи Иброҳим Эрбир- роҳбарияти Агентии Туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТИКА) мулоқот намуд. 
Зимни мулоқот Шаҳноза Нодирӣ меҳмонро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои мутақобилан судман ва дастгириҳои ҳамаҷониба нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону ятимон ва бепарасторон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар муассисаи мазкур ихтисоси  “Пойафзолдӯз”  соли 1962 таъсис дода шудааст, ки ба хонандагон дӯхтан, таъмир ва инчунин тайёр намудани пойафзол омӯзонида мешавад. Аз оғози фаъолият то имрӯз литсей садҳо мутахассисонро барои хоҷагии халқ тайёр намудааст. 
Дар навбати худ Ҳоҷи Иброҳим Эрбир минатдории худро барои ҳамкории дуҷониба ба муовини вазир баён ва омодагии худро дар доираи имконоти мавҷуда баҳри расонидани кумак, иброз намуд.    
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Пас аз мулоқот онҳо аз вазъи таълиму тарбия, фаъолияти омӯзгорон, ҳолати устохонаҳои муассисаи мазкур дидан карданд.

16.03.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ