11 марти соли ҷорӣ Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шаҳноза Нодирӣ бо Директори ташкилоти саҳомии ғайритиҷоратии “Маркази минтақавии кумак ба муҳоҷирон”-и вилояти Самараи Федеартсияи Россия - Нуждин С.Н. мулоқот намуд.
Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Губернатори вилояти Самара Азаров Д.И., ки зимни Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ» (24-25 феврали соли 2022, ш. Душанбе) бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Самараи Федератсияи Россия ва омодагии пеш аз сафари онҳо пешниҳод гардида буд, роҳандозӣ шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират: тартиби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ, забономӯзӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, бахусус масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, онҳо омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар дораи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия изҳор намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқот ҳайати вилояти Самара аз ҷараёни таълими МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуда, бо фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш.Душанбе” аз наздик шинос шуданд.