img
Баргузории машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм”

Имрӯз, 22 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин коршинос аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи  “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ Баротов Исроил Иброҳимович – муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ бо маърӯза баромад намуда, қайд намуд: “Дар шароити муборизаҳои идеологию мафкуравии замони муосир таҳкими идеологияи миллӣ ва таъмини амнияти идеологии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар низоми давлатдории миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро идеологияи миллӣ стратегияи рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, дар масири тағйирпазирии муносибатҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа нақши муассир дорад. Идеологияи миллӣ маҷмӯи боварҳо, низоми арзишҳо, идеяҳо, андешаҳо ва идеалҳои пешқадами  ҷамъиятӣ маҳсуб гардида, дар заминаи он ҷаҳонбинӣ ташаккул ёфта, дар ин замина рафтори иҷтимоӣ муайян карда мешавад”.

 

Ҳамзамон, мавсуф доир ба маводи таҳлилии аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мавзӯи “Террористӣ эътироф намудани ТТЭ ҲНИ дар Россия ва пайомадҳои он” маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки “14 сентябри соли 2022 аз ҷониби Суди Олии Федератсияи Россия Ҳизби наҳзати ислом террористӣ эълон гардида, фаъолияти онро дар қаламрави кишвари худ манъ кардааст. Ин амал, аз як ҷониб агар то андозае садди роҳи фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ дар қаламрави Россия гардад, аз ҷониби дигар хатари идомаи фаъолияти пӯшидаву пинҳонии аъзои ин ташкилот миёни муҳоҷирони меҳнатии муқими Россияву Қазоқистон ҷой дорад. Вобаста ба ин, қавитар намудани самти фаъолияти сиёсиву идеологии ниҳодҳои дахлдори кишвари мо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва истифода намудани имкониятҳои диаспораҳо барои назорат кардани онҳо мувофиқи мақсад хоҳад буд”.

 

Масъалаи макур зери таваҷҷуҳи махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Дар анҷом як қатор тавсияҳо ба иштирокчиёни машғулияти идоравӣ дода шуд.

22.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ