Имрӯз 15 - уми декабри соли 2023 таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласа бораи ҷамъбасти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2023, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардида, нақшаи кории Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.