img
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум баррасӣ шуд.

Имрӯз, 15 сентябри соли равон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин Шодӣ оид ба баррасии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандони сохторҳои он ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 26.07.2022, № 68 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 тасдиқ гардидааст.

Ҷиҳати муқовимат бо коррупсия дар соҳаҳои вазорат дар ин давра ҳамдастӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

Дар ҷаласа натиҷаи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум муҳокима гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати иҷро ва назорати он чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар фарҷони ҷаласа доир ба тақвияти корхо дар ин самт протоколи дахлдор қабул гардид.

 

 

 

 

 

 

15.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ