img
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ БАРНОМАИ РУШДИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ХОНУМ САРА КУПЕР

12 майи соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо роҳбари нави Барномаи рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ хонум Сара Купер ва сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Ҷонс мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба соддагардонии раванди интиқоли қувваи корӣ ба ин кишвар ибрози ақида карданд.

12.05.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ