img
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ 8 ИХТИСОСИ НАВ ТАШКИЛ НАМУД

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 бо назардошти талаботи бозори меҳнат 8 ихтисоси нав ташкил намуд. Аз ҷумла, ихтисосҳои «Бизнес — маъмуриятчигӣ», «Электроникаи тиббӣ», «Биохимияи тиббӣ», «Химия», «Биология», «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ», «Фаъолияти судӣ-прокурорӣ-муфаттишӣ», «Забони хориҷӣ» (бо нишон додани забон) ва «Педиатрия дар факултети тиббӣ» таъсис дода шуданд. Инчунин вобаста ба талаботи замон кафедраҳои тахассусии фаъолияти гумрукӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар факултети тиббӣ таъсис дода шуданд.


Ҳамзамон вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бо мақсади татбиқи натиҷаҳои илм дар истеҳсолот ва дар сатҳи баланд амалӣ намудани корҳои илмию таҳқиқотии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну унвонҷӯён дар ин давра дар факултетҳои Донишгоҳ дар маҷмуъ 27 озмоишгоҳ, маркази илмӣ-озмоишӣ ва клиникаҳо таъсис дода шуданд.

 

khovar.tj

 


Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

29.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ