Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия 28 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Александрович Колокольцев, инчунин муовини якуми вазири корҳои дохилии ФР Горовой А. В., сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорат корҳои дохилии Федератсияи Россия Казакова В. Л. ва и.в. директори генералии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии ФР Молодиевский О. А. маросими ифтитоҳи намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва намояндагии ин ниҳоди Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолият шуруъ намуд.
Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбариятҳои олии ҳар ду кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд, ки ин барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи чораҳои андешидашуда минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, машваратҳои ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират ва пешгири муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон барои ҷойгир намудани сохторҳои Намояндагии мазкур дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқҳои корӣ ҷудо ва таъмиру азнавсозӣ намуд. Дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир намудани Намояндагӣ ба шаҳрвандон қулай буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федерасияи Россия доранд, муосидат менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи муқаррароти Созишномаи болозикр намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҷиҳати дар муддатҳои наздик ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Россия, ки ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, корбарӣ намуда истодаанд.
Дар маросими ифтитоҳи намояндагии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД ФР қайд гардид, ки ФР шарики стратегии Тоҷикистон буда, робитаҳои дӯстии ин ду кишвар таърихи тулонӣ дошта, барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.