12 январи соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазир Ализода Алишер бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шамсов Сайдалӣ ва муовини расиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ташрифзода Амиралӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар робита ба ин муовини вазир Ализода Алишер иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ ба шуғл, саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18 сола боло чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамзамон, Шамсов Сайдалӣ ва Ташрифзода Амиралӣ бо маъруза баромад намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Иштирокдорон ҷонибдории худро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.