img
ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Имрӯз 20 уми декабри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба масъалаи якуми рӯзнома "Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 уми августи соли 2008, № 373 “Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор” гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ шунида шуда, дар муҳокимаи он аъзои кумита иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа нақшаи кори Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 тасдиқ карда шуд.

20.12.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ