14 уми марти соли 2023 муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ - раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё, Муҳаммадҳобӣ Ҳабибмочиёнӣ сардори Сарраёсати омӯзишгоҳҳои озод ва ширкатҳои мардумии созмон, Реҳом Қиёмӣ сардори Сарраёсати омӯзиши техникӣ ва касбии вилояти Форс ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Литсейи касбии махсуси маъъюбон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба фаъолияти он шиносоӣ пайдо карданд.
Аснои шиносоӣ ба меҳмонон шароити касбомӯзии муссисаи мазкур муаррифӣ карда шуд.
Бинои таълимии литсей аз 10 синфхона ва 6 устохона аз ҷумла устохонаи пойафзолдӯзӣ, 2 устохона оид ба таъмир ва хизматрасонии радио ва телевизор, 2 синфхонаи дӯзандагӣ, 1 устохонаи таъмири дастгоҳҳои сардкунандаи системаи савдо) (яхдон), 2 синфхонаи компютерӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки барои хонандагон инчунин хизматрасонии истироҳатию фароғатӣ аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ, ошхона, хобгоҳ китобхона, ва майдончаи варзишӣ муҳаё карда шудааст.