Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва иттилоотонии онҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусуссияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, дар мавзўи «Коррупсия – хатари ояндасўзи амали инсонӣ» хониши идоравӣ баргузор кард.
Дар чорабинӣ подполковники адлия, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Талабшо Латиф ва капитани адлия, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзода Собирҷон Ғаффор иштирок доштанд.
Латифзода Т.Л. аз он шукргузорӣ кард, ки имрўзҳо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ба мову Шумо имконияти хубе баҳри ибрози ақидаҳои озоди манфиатовар дар самти муқовимат ба зуҳуроти номатлуб фароҳам оварда шудааст.
Мавсуф ҷиҳати амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гуфт, ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳури Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона карда шудааст.
Стратегияи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.
Инчунин, Латифзода Т.Л. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, ки аз 07 августи соли 2020, №1714 қабул гардидааст, хусуссиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои онро ба шунавандагон шарҳу тавзеҳ дод.
Давлатзода С.Ғ. зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудан ба аъзогии Созмони Миллали Муттаҳид дар таърихи 2 марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ бетараф нест ва дар ин росто саҳми худро бо қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия буда, ба ин санади байналмилалӣ таърихи 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 эътироф ва ё ратификатсия карда шудааст.
Давлатзода С.Ғ. афзуд, ки дар қатори дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дар самти муқовимат бо коррупсия қабулгардида, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо коррупсия, 28 октябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадаф аз ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо Методология тартиб ва методикаи баргузории таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро тасдиқ намуд. Тибқи банди 2 Қарори мазкур вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомтҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бояд бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд. Дар навбати худ тибқи банди 3-и ин қарор Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки аз натиҷаи иҷроиши Методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар амри пиёдасозии ормонҳои миллиамон дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри решакан ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб фаъолона ширкат намоем.
Дар фарҷом сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азиззода Б. чорабиниро ҷамъбаст намуда, баён дошт, ки баҳри татбиқи санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН