Дар доираи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар ҳамроҳӣ бо муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Нурализода Фируза, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Чоршанбезода Сураҷ, директори МД “ Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, Раҷабов Ҷумъа Абдулҳаевич ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҶДММ “Комбинати коркарди гушти Шёлково” ташриф оварданд.
Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур ҳануз аз соли 2018 бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва ташрифи ҳайат баҳонае буд барои дидор бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шумораи умумиашон дар корхонаи мазкур зиёда аз 270 нафар мебошад.
Дар корхона мулоқоти ҳайати расмӣ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик анҷом ёфт. Хозирин ба саволҳои худ мустақиман аз Вазири ММША ҶТ ва ҳамроҳонашон посух гирифтанд. Аъзоёни гуруҳи корӣ ба шаҳрвандони ҶТ корти шумораҳои телефони худро доданд, то ин, ки ҳангоми пайдо шудани суолҳои марбут ба муҳоҷират ва ғайра, шаҳрвандон мустақим ва бевосита дар тамос бошанд. Куллан вохурӣ дар фазои дустона ва мусбат сурат гирифт.
Боздиди ҳайат ба ифтитоҳи хобгоҳи ҷадид рост омад ва ба истифода қарор додани онро роҳбари корхона Сергей Сократович ба Вазири ММША ҶТ вогузор намуд. Хобгоҳи мазкур бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, дорои 270 рахти хоб ва маҳз барои муҳоҷирони тоҷик бунёд шудааст.
Шароити кор ва истироҳати муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи аъло қарор дорад. Атрофи корхонаро боғи фароғатӣ ва дарёи Клязма фаро гирифтааст, ки макони тафреҳи коргарон аст.
Роҳбарияти корхона дар қисмати расмии мулоқот ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз шароит ва фаъолияти корхона бо намоиш додани филми кутоҳмуддат ошно карданд. Қайд шуд, ки корхона маҳсулоти ниматайёри яхкардашуда истеҳсол намуда, фуруши онро дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, Беларус ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути фурушгоҳи “Ашан” ба роҳ мондааст.
Дар сухани ифтитоҳӣ роҳбари корхона, Хачатурян Сергей Сократович аз ташрифи муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва ҳамроҳонаш сипосгузорӣ намуда, аз равобити дустонаву самимонаи байни миллатҳо таъкид кард.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Кенҷа асоси равобити хуби ду кишварро сиёсати дурусти сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуд.