img
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

“Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид”. Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.16 ноябри соли 2012

 

Бо мурури замон ва гардиши айём Парчам ҳамчун аз рамзҳои асосии давлатдорӣ мавқеъ ва моҳияти хоса дошта, озодӣ ва истиқлолияти давлатро бидуни он тасаввур кардан аз имкон берун аст.

 

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тулонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадима, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоят, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст.

 

Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон ба воситаи яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ -«Шоҳнома» то ба насли имрӯз расидааст. «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ тафсиргари олии парчаму парчамдорӣ, ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод ва баҳо дода мешавад. Ин асари пурарзиш ҳанӯз дар асрҳои қадим диққати наққошону рассомонро ба худ ҷалб намуда буд.

 

Дар охири асри XV ба дастнависи “Шоҳнома” устоди машҳури миниётур бо пайравонаш Муҳаммадмуроди Самарқандӣ лаҳзаи шӯриши Коваи оҳангарро, ки дар даст парчамҳо доштанд, тасвир намудааст. (Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон”.Душанбе-2020.саҳ.567).

 

Роҷеъ ба хусусияти хоса ва таҳрикдиҳандаи парчам нишонаи далерӣ, тартибу низоми лашкар, дар сафи пеш нигоҳ доштани он дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома», «Фатҳнома», минҷумла асари марғуби насрии «Самаки айёр» маълумоти ҷолиб оварда шудааст. Порчае аз қиссаи «Самаки айёр» меорем, ки чӣ тавр муҳофизат шудани қалъа ва омодагӣ аз ҳуҷуми душман, ҳамчунин парчами бисёр бо рангҳои гуногун мисли гулҳои наврӯзӣ тасвир шудааст.«Ба зери болои қалъа тулу арз бозгирифта ва арродаву манҷаниқ ва алами бисёр аз ҳар гуна барпой карда ва бод андар аламҳо афтода, чун бӯстони наврӯзӣ». («Самаки айёр», Душанбе -2007, саҳ. 219).

 

Парчам дар осори адибони  гузаштагони мо бо  вожаҳои гуногун ифода ёфтааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, с.1969) калимаи алам ба маънои байрақ, ливо, дирафш, нишон, аломат, гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ ва ғайра омадааст. Он бештар маънои маҷозӣ дошта, ба нур, рӯшноӣ ташбеҳ мешавад. Ҳангоми хондан ҷило, ҷилваи парчамро ба хубӣ эҳсос менамоем. Маҳз дар асарҳои худ адибон  шукуҳ ва манзалати алам, парчамро бо сад гуна рангу тобиш васф намудаанд. Байте аз ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънист:

 

                            Хисрави субҳ чун алам барзад,

                           Лашкари шомро ба ҳам барзад.

 

 

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ баробари Байрақи СССР ҳар республикаи иттифоқӣ низ парчаму суруди миллии худро дошт. Дар Парчами РСС Тоҷикистон акси кӯҳ, нурҳои хуршед, гандум, пахта тасвир ёфта буданд. Бо соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ зарурати қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад.

 

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари дигар масъалаҳо, 21 ноябр ба рӯзномаи он қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам низ ворид шуд. Баҳс атрофи рамзҳои давлатӣ тулонӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт. Аз ин сабаб ба комиссия супориш дода шуд, ки намунаҳои пешниҳодшудаи Парчаму Нишони давлатӣ такмил дода шаванд.

 

Дар маҷлиси бегоҳии Иҷлосия 24 ноябр депутатҳо муҳокимаи лоиҳаи Қонуни «Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро идома доданд. Иҷлосия баъди мубодилаи афкор дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул карда, ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор дохил намуд.

 

Ҳамин тариқ, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ –Парчами давлатӣ гардид. Аз миёни вожаҳои гуногун вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз вожаи қадимӣ ва тоҷикӣ –Парчамро интихоб ва қабул намуданд.Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

 

Боби дуюми Қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаҳои 5 ва 6) ном дошта, дар он тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Аз ҷумла дар қонун муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Парчами давлатӣ  дар ҳавопаймо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, низ ҷойгир  карда мешавад.

 

Он аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Борҳо шоҳиди лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор ва муассир ҳастем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидокорона ба мардум савганд ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд оварда, бо эҳтирому эътиқод онро бӯсида, ба чашм молидаанд.

 

Дар арафаи таҷлили 20 –умин солгарди Истиқлоли давлатӣ 8 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр расман ифтитоҳ гардид.

 

Он боиси ифтихор ва шодмонии ҳар фарди ватандӯст мебошад. Парчам дар дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ низ барафрохта мешавад ва рамзи соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ менамояд. Ба хотири ғолиб омадани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатӣ бардошта шуда, Суруди Миллӣ садо додааст.

 

Воқеан, Парчами миллии Тоҷикистон  дар қитъаи шашуми сармо-Антарктида низ ҷило додааст. Доктори  илми тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов нахустин иштирокчии экспедитсияи илмӣ дар доираи гузарондани “Соли байналмилалии қутбӣ- 2007-2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “бо дастгирии экспедитсияи 54 - уми антарктидии Федератсияи Россия  тавассути киштии “Академик Фёдоров”  пас аз 60 рӯзи шино ба Антарктида мерасад.

 

Дар муқаррароти умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: ” Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои  Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ  ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир  нагардад”    

     

                                                                                                                                         

  Аъзам Мӯсоев, 

корманди шоистаи Тоҷикистон, ходими илмии шуъбаи ҳифзи меҳнати

МД” Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”.

                                                                                                                                                                                                 

 

 

20.11.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ