img
Сафари омӯзишӣ барои омӯзгорон аз ВМКБ

Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташуда аз натиҷаи сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ВМКБ аз 1 то 10 августи соли ҷорӣ сафари омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таълими тобеи вазорат дар ВМКБ, аз ҷумла омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таълимӣ аз МД “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, филиали МД “Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе” филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Хоруғ, дар ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараён дорад.

Мақсад аз сафари мазкур шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисао, сафарбаркунии ҷавонон барои омӯзиши касбу ҳунарҳо мебошад.

Дар доираи сафари омӯзишӣ ҳайати 15 нафараи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсоли то ба имрӯз аз Литсейи касбии техникии сохтмон, филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, Коргоҳи нассоҷӣ, Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ва Оромгоҳи Мир Саид Ҳамадонӣ дидан намуданд.

Сафар дар пойтахти ҷумҳурӣ идома ёфта, омӯзгорон аз фаъолияти МД “Литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе” ва Маркази ҳунарҳои мардумии шаҳри Душанбе, Маљмааи давлатии “Кохи Наврӯз”, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, МД “Китобхонаи миллӣ” ва Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар идомаи сафар боздид аз сохторҳои вазорат дар вилояти Суғд ва аз як қатор мавзеъҳои таърихӣ дар назар аст.

08.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ