img
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҳамоиш баргузор гардид.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд. Сардори Хадамоти муҳоҷират Иматшо Нодирзода афзуд, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рӯз гузаронида шуда, ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ дар паҳн намудани маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва машваратҳои корӣ саҳм мегузоранд.



18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ассамблея Рӯзи байналмилалии муҳоҷиронро, ки ҳамасола 18 декабр гузаронида мешавад, ба расмият даровард. Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё торафт меафзояд. Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобидааст.



Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки ҳамкории худро бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурзӯр намуда, ба натиҷаҳои назарраси фаъолият ноил гардад.



Дар фарҷоми ҳамоиш ба фаъолони соҳа Ифтихорнома ва Сипосномаи Хадамоти муҳоҷират супорида шуд.

 

Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.12.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ