САФАРИ КОРИИ АЪЗОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Бо мақсади мусоидат дар омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» аъзои гурӯҳи кории вазорат ва масъули ҷамоати шаҳраки Қубодиён Хосиятмоҳ Маҳмудова ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Дар оғози сафар Маҳмудова Х. бо муовини раиси ноҳияи Қубодиён Асадуллозода Фирӯза ва муовини раиси ҷамоати шаҳраки Қубодиён Ғаффорова Оиша вохӯрӣ намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди касбомӯзӣ, ҷалби аҳолӣ ба омӯзиши касбҳои коргарӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас бо иштироки муовини раиси ноҳия Ф. Асадуллозода ва муовини раиси ҷамоати шаҳраки Қубодиён Ғаффорова О. аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмури сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён боздид ба амал оварда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, мӯҳлати ба истифода супоридани иншоот ва омодагии он барои фаъолияти сохторҳои вазорат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани бино дар он филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Қубодиён, Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа ҷойгир гардида, барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон, Маҳмудова Х. масъули ҷамоати шаҳраки Қубодиён гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоати шаҳрак дидан намуда, бо масъулини сохтмонҳо мулоқот ва ҷиҳати тезонида корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда тавсияҳо дод. Дар доираи дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа як қатор оилаҳои эҳтиёҷманд ва шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, ба онҳо кумаки молиявӣ расонид.
Дар идомаи сафар дар толори Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён бо иштироки муовинони Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ва директорону кормандони филиалҳои муассиса дар вилояти Хатлон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия, инчунин, муовини раиси ноҳия, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва кормандони соҳаи меҳнат иштирок намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мубодилаи афкор карданд. Сафари корӣ ва чорабиниҳои баргузор гардида дар фазои ҳамкории созанда анҷом ёфта, барои рушди минбаъдаи низоми касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва татбиқи ҳадафҳои муассиса дар вилояти Хатлон заминаи мусоид фароҳам оварданд.