26 майи соли равон мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо мутахассиси барномаи таълимӣ Тешалиев Нурбек ва корманди касбии миллии маорифи дафтари кластеррии ЮНЕСКО дар Алмаато доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ лоиҳаи Тақвияти салоҳият дар асоси таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълимӣ, стандартҳои касбӣ ва таълимии модулӣ барои шарикони миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар чор соли минбаъда, дар Тоҷикистон татбиқ мегардад, муаррифӣ шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёр кардани кадрҳои ҷабобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва таҳияи барномаву стандартҳои таълимӣ, бозомӯзии омӯзгорон, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои таълимӣ ибрози назар карданд.
Вазири меҳант, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба ҳамкори бо шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ маълумот дода, татбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО-ро боназардошти иҷрои вазифаҳои барномаҳои стратегияи давлатӣ саривақтӣ ҳисобид.
Дар фарҷом тарафҳо оид ба ҳамкории минбаъда ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур умедворӣ намуданд.