Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, моро ҳамаҷониба вазифадор менамоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, бархурдорӣ аз хизматрасониҳои пешбинишуда тибқи қонунгузорӣ, гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, дар маҷмуъ, вобаста ба самтҳои фаъолият боз ҳам тадбирҳои судманд амалӣ намоем.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки мақсад аз эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» низ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле зарур мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад - он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс- шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолиятест, ки дар амалигардонии он ҳамаи сохторҳои давлатӣ нақши асосӣ доранд. Маънои маърифат - ин тибқи имлои забони тоҷикӣ “барнома оид ба паҳн кардани илму дониш дар байни омма ва умуман маърифатнок кардани аҳолӣ” тавзеҳ мешавад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо робитаи амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Ташаккули як шахсияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат зина ба зина сурат мегирад. Хишти аввалро дар ин раванд муҳити оила мегузорад. Чигунагии сатҳи тарбия дар оила пеш аз ҳама аз дараҷаи камолоти маънавии волидайн ва роҳу усулҳои тарбия дар оила вобастагӣ дорад. Баъдтар ин ҷараён дар боғчаи кӯдакон ва ба дунболи он дар мактаби миёна идома пайдо мекунад.
Бинобар ин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мо, кормандони вазоратро водор месозад, ки дар қатори дигар корҳои соҳавӣ, ҳангоми вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо, ҷаласаҳову нишастҳо бо иштироки васеи кормандону мутахассисон моҳият, мазмун ва аҳамияти арзишманди мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва Соли маърифати ҳуқуқиро пурра фаҳмонида, ҳамагонро барои риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда даъват намоем.
Фурқат Раҷабов,
сардори шуъбаи АУДИТ-И дохилии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон