Имрӯз, 17 уми августи соли равон вохӯрии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода бо ҳайати Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқуллодаи тиббии Ҷумҳурии Корея, бо роҳбарии директор МюнгСуб Шим баргузор гардид. Сараввал Раҳмонзода А. А. оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, ки айни ҳол дар доираи санадҳои имзошуда байни Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳри Cангҷу, музофоти Ҷоллабук-до, корхонаи саноатии Ilyang OPO Corp, минтақаи Ҳампёнги вилояти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба ҷалби кормандони мавсимӣ роҳандозӣ гардидааст, маълумот дода, изҳори қаноатмандӣ кард. Инчунин, мавсуф таъкид кард, ки 7 июни соли 2022 бо мақсади омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати омӯзиши забони кореягӣ Ёддошти тафоҳум байни маркази Ҷоллабук-до оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба имзо расидааст, ки аз таҳкими ҳамкориҳои судманд дарак медиҳад.
Ҷаноби Мюнг Суб Шим Роҳбари ҳайати кореягӣ дар навбати худ оид ба самтҳои фаъолияти Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқуллодаи тиббии Ҷумҳурии Корея маълумот дода, қайд кард, ки мақсади асосии ташрифи ин ҳайат ба Тоҷикистон гузаронидани омӯзиш ба мутахасисон ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати расонидани ёрии аввалия тиббӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ ва Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббии Ҷумҳурии Корея аз 7 октябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, мебошад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба офатҳои табии, бехатарӣ, маълумотнокии аҳолӣ, пешгирии чунин ҳодисаҳо ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ мубодилаи афкор намуда, Раҳмонзода А. доир ба муҳоҷирати экологӣ ва самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират маълумот дода, омӯхтани таҷрибаи Кореяро дар ин самт зарур ҳисобид.
Дар фарҷом, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар карда, ҷониби Корея омодагии худро ҷиҳати омӯхтани системаи бехатарӣ дар ин кишвар ва ворид намудани технологияи Корея ба Тоҷикистон изҳор намуд.
Пас аз вохӯрӣ аз ҷониби коршиносони кореягӣ тренинги омӯзишӣ оид ба ёрии аввалияи тиббӣ ва пешгирии ҳолатҳои табиӣ гузаронида шуд, ки 20 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардиданд.